Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи таҷлил аз Иди Фитрро эълон кард. Бар асоси қароре, ки рӯзи 27-уми апрел қабул шуд, Иди Фитр дар Тоҷикистон 2-юми май таҷлил мешавад. Намози идро соати 6-и субҳ мехонанд.
Шӯрои уламо имсол нисоби закотро 35 ҳазор сомонӣ муқаррар кардааст, ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот дода мешавад. Фитри рӯза ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шуд.
Барои афроде, ки наметавонанд рӯзаи моҳи Рамазонро бигиранд, фидя ба маблағи 420 сомонӣ барои 30 рӯз таъин шудааст.
Дар қарори Шӯрои уламо омадааст, имомхатибон барои "расонидани кӯмак ба мӯҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд".
Имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми апрел оғоз шуда буд.