Бар асоси пешгӯиҳои Бонки Осиёии Рушд, мумкин аст, то охири соли 2022 интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон ду баробар коҳиш ёбад. Хонаводаҳое, ки аз ҳисоби пули фарзандони муҳоҷирашон рӯз мегузаронданд, мегӯянд, дар пайи таҳримҳо ба зидди Русия барои онҳо ҳам аллакай маблағи кам фиристода мешавад. Беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Дар натиҷа, имсол Душанбе маҷбур аст, харидории маҳсулоти воридотӣ, пеш аз ҳама хӯрокворӣ ва сӯзишвориро кам кунад ва ин раванд соли 2023 идома хоҳад ёфт.
“Аллакай мисли пешина нест”
Тоҷикистон аз пайомадҳои иқтисодии ҷанги Русия дар Украина ранҷ мебарад. Муҳоҷирони корӣ дар Русия маҷбуранд, бо маоши камтар кор кунанд ё ба ватан баргарданд.
Анвар Аҳмадов, сокини Душанбе, барои гирифтани пуле, ки бародараш аз Русия фиристодааст, ба бонк рафтааст. Ба гуфаи вай, хонаводаи онҳо асосан аз ҳисоби пулҳои фиристода рӯзгорашонро пеш мебаранд.
Маоше, ки дар Тоҷикистон мегиранд, танҳо ба харидани маҳсулоти ниёзи аввал мерасаду бас. Анвар аллакай пайомади ҷангро дар Украина эҳсос кардааст. “Бародарам назар ба гузашта пули камтар мефиристад,” – нақл кард ӯ.
Ба мисли оилаи Анвар Аҳмадов аксар хонаводаҳои муҳоҷирони дигар дар Тоҷикистон мегӯянд, интиқоли маблағ аз Русия кам шудааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қурб, бекорӣ... ва тоҷикон
Таҳримҳои эълоншуда дар муқобили Русия қурби рублро пойин бурд ва мизони бекориро дар он кишвар афзуд. Дар се моҳи имсол расман беш аз 60 ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик ба ватан бозгаштанд.
Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик тавассути бонкҳо ба ватан ҳудуди 1 миллираду 800 миллион доллар фиристода буданд. Агар пешгӯии Бонки Осиёии Рушд рост барояд, соли ҷорӣ Тоҷикистон аз муҳоҷирон дар Русия камтар аз 1 миллиард доллар хоҳад гирифт.
Иқтидори содиротии Тоҷикистон дар муқоиса ба воридот се маротиба камтар аст. Дар гузориши Бонки Осиёии Рушд гуфта мешавад, касри тавозуни савдои хориҷӣ маъмулан тавассути интиқоли пул рӯйпӯш мешуд.
Дар гузориш аз ҷумла омадааст, “агар пули муҳоҷирон набошад, молҳои асосии воридотӣ, яъне маҳсулоти озуқаворӣ ва сӯзишворӣ низ намешавад.”
Ҳалқаи мушкилот
Иқтисодшинос Фозилҷон Фатҳуллоев пайомадҳои баъдиро чунин номбар кард: “Дар иқтисоди мо аллакай вобастагии занҷираӣ ба амал меояд. Яъне, ҳар қадар қобилияти харидории шаҳрвандон кам гардад, ҳамон қадар фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар суст мешавад. Ҳар қадар фаъолнокии соҳибкорӣ дар кишвар поин бошад, ҳамон андоза самарабахшии сиёсати молии Тоҷикистон пойин меравад. Ба хазина пули камтар ворид мешавад.”
Фатҳуллоев мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бояд барои наҷоти иқтисод фавран чора андешанд. Вале тибқи мушоҳидаҳои ин иқтисодшинос, то кунун ташаббусе дар ин росто ба назар намерасад.
Мақомот мегӯянд, дар пасманзари ҷанги Русия дар Украина барномаи зиддибуҳронии иборат аз панҷ бандро қабул карда, мавриди иҷро қарор додаанд, вале онро банд ба банд шарҳ намедиҳанд. Манобеи расмӣ гуфтанд, як бахши он манъи муваққатии санҷиши соҳибкорон аст. Баъзе аз коршиносон ҷиддӣ будани тасмимро зери шубҳа мегузоранд.