Додситонии кулли Украина рӯзи 24-уми апрел дар изҳороте гуфт, ки дар натиҷаи ҷанги беасоси Русия дар хоки Украина дастикам 213 кӯдак кушта шудааст. Илова ба ин, 389 тифли дигар дар ин ҷанг маҷрӯҳ гардид. Додситонии кулли Украина афзуд, ки ин омори ниҳоӣ нест ва кор дар самти таҳқиқи бештар идома дорад. Рӯзи 24-уми апрел маъмурияти минтақаи Донетск хабар дод, ки дар як ҳамлаи нирӯҳои русӣ ду кӯдаки 5 ва 14-сола кушта шуданд. Рӯзи 23-юми апрел дар шаҳри Одесса аз миёни панҷ қурбонии ҳамлаҳо як нафараш кӯдаки семоҳа буд.