Гутерреш пеш аз Маскаву Киев ба Анкара меравад

Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ

Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш дар остонаи сафари ҳафтаи ояндааш ба Маскаву Украина қарор аст ба Анкара биравад. Дар изҳороти СММ омадааст, ки Гутерреш бо президент Владимир Путин дар Маскав ва бо раиси ҷумҳурии Украина Владимир Зеленский дар Киев дидору гуфтугӯ мекунад. То он замон рӯзи 25-уми апрел дар шаҳри Анкара бо президени Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дидору гуфтугӯ мекунад. Аз ин пеш рӯзи 18-уми апрел раиси барномаҳои имдодии СММ Мартин Гриффитс гуфт, ки Туркия як ҷониби бисёр муҳим дар гуфтугӯҳои башарии миёни Украина ва Русия хоҳад буд. Сафари Гутерреш ба Маскав рӯзи 26-уми апрел барпо мешавад ва ҳадафи асосии ин гуфтугӯҳо баррасии роҳҳои барқарор кардани сулҳ дар Украина мешавад. Ду рӯз баъдаш дар Киев бо Зеленский ва вазири умури хориҷӣ Дмитро Кулеба гуфтугӯ мекунад. Зеленский нақшагирии сафар аввал ба Маскав ва баъдан ба Киевро интиқод кард ва гуфт, “ҳеҷ адолат ваё мантиқе дар ин нақша нест”. Ӯ афзуд, “ҷанг дар Украина аст, дар кӯчаҳои Маскав ҷасадҳо хоб нарафтааст. Мантиқӣ мебуд, агар аввал ба Украина рафта мардум ва оқибатҳои ишғолгариҳоро медид”.