Рӯзи 24-уми апрел дар шаҳри Киев президенти Украина Владимир Зеленский ду мақоми калони умури дипоматия ва дифои Амрикоро қабул мекунад, ки аввалин сафари баландпояи мақомоти амрикоӣ баъди мавриди ҳуҷуми Русия қарор гирифтани Украина хоҳад буд. Мулоқот бо котиби давлатӣ Энтони Блинкен ва вазири дифоъ Ллойд Остин дар ҳоле барпо мешавад, ки дар шаҳри шарқии Мариуполи Украина нирӯҳои русӣ талош доранд корхонаи пӯлодгудозии маҳаллиро ишғол кунанд. Дар ин корхона сарбозону аҳолии мулкӣ паноҳ ёфтаанд. Дар паёми видеоии худ Зеленский рӯзи 23-юми апрел гуфт, ки ба мулоқоти “муҳими фардо бо шарикони амрикоӣ омодагӣ мебинад”.