Мақомоти низомӣ ва як мушовири Вазорати умури дохилии Украина гуфтанд, ки нерӯҳои Русия рӯзи 23-юми апрел ба шаҳри бандарии Одесса мушак партофтаанд.
Ба иттилои онҳо, чанд мушак ба як иншооти ҳарбӣ ва ду бинои истиқоматӣ бархӯрдааст.
Раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Украина хабар дод, ки панҷ нафар кушта шуданд. Андрей Ермак гуфт, дар байни онҳо кӯдаки семоҳа низ ҳаст. "18 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд," – афзуд ӯ.
Ҷониби Русия ҳамла ба Одессаро шарҳ надодааст.