Мақомоти Украина гузориш доданд, ки нерӯҳои Русия ҳамларо ба корхонаи "Азовстал" дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол сахттар кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш президенти Русия Владимир Путин дастур дода буд, ба корхона ҳамла накунанд, аммо пашшаеро гузаштан намонанд.
Гумон меравад, дар дохили он тақрибан ду ҳазор сарбози украинӣ сангар гирифтаанд. Мардуми мулкӣ низ ҳастанд.
Алексей Арестович, мушовири раисҷумҳури Украина, рӯзи 23-юми апрел гуфт, нерӯҳои Русия бомбаборони атрофи "Азовстал"-ро аз сар гирифта, талош доранд, ба он юриш баранд.
Мақомоти Украина гуфтанд, кӯшиши берун баровардани мардуми осоишта аз Мариупол рӯзи 23-юми апрел ноком шуд. Онҳо дар ин вазъ нерӯҳои Русияро гунаҳкор карданд.
Мариупол аз оғози ҷанги Русия дар Украина дар муҳосира аст.
Полки "Азов"-и Горди Миллии Украина, ки нерӯҳояш дар "Азовстал" дар муҳосира ҳастанд, рӯзи 23-юми апрел видеои даҳҳо зану кӯдакро нашр кард, ки ба гуфтаи онҳо, моҳҳо боз дар нақби корхона ба сар мебаранд. Як зан гуфт, дар орзуи ҳавои тоза ва нури офтоб ҳастанд. Мақомот мегӯянд, навор 21-уми апрел сабт шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тасвирҳои моҳвораӣ ду гӯри дастҷамъиро дар канори Мариупол кашф кардаанд.