Вазири дифои Украина: Мунтазири даъват ба нишасти НАТО ҳастем

Алексей Резников

Алексей Резников, вазири дифои Украина, рӯзи 23-юми апрел гуфт, кишвараш интизор дорад, ки барои иштирок дар ҷаласаи қарибулвуқӯи НАТО даъват хоҳад шуд.

Ин нишаст бо ташаббуси Иёлоти Муттаҳида рӯзи 26-уми апрел дар Олмон баргузор хоҳад шуд.

Вазорати дифои Амрико барои баҳс дар мавриди Украина ва ниёзҳои амниятии дарозмуддат аз 40 кишвари муттаҳид даъват кардааст, дар нишаст ширкат кунанд.

Сухангӯӣ Пентагон гуфтааст, вазирони мудофиа ва генералҳои аршади 20 кишвар даъвати Амрикоро пазируфтаанд.