Шарти қабул ва сафар
Талабгорони муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Бритониё баъд аз эълони як ширкати аврупоӣ аз худ дарак доданд. Эълон ба воситаи идораи муҳоҷирати Тоҷикистон нашру паҳн шуд.
Диёр Норматов, мудири Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, рӯзи 21-уми апрел гуфт, ба зудӣ як гурӯҳ аз коргаронро ба Бритониё мефиристанд, вале ҳамзамон афзуд, кор дар онҷо мавсимист.
"Мо рӯйхати корҷӯёнро ба воситаи сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ба ширкат фиристодем. Онҳо тамос гирифта, бо корҷӯён суҳбат карданд ва 244 нафарро интихоб намуданд. Дар марҳилаи аввал барои 69 кас даъвати кор омадааст. Ин афрод дар ҳоли таҳияи санадҳо ҳастанд," – шарҳ дод ӯ рӯзи 21-уми апрел.
Ин масъули идораи муҳоҷират мегӯяд, харҷи сафари корҷӯён ба Бритониё аз ҳисоби худи онҳо пардохта мешавад. Онҳо дар як рӯз то ҳашт соат кор мекунанд ва барои ҳар соат кор то 12 доллар мегиранд.
Аз забони англисӣ то қадри муҳоҷир
Ҳоло, ки шароити кор дар Русия мушкил шудааст, баъзе аз шаҳрвандон талош доранд, бештар ба кишварҳои аврупоӣ бираванд. Яке аз довталабони кор дар Бритониё Ҷамшед Собиров аст. Ӯ мегӯяд, аллакай худро номнавис кард ва ҳоло даъвати корфарморо интизор аст.
"Таҷрибаи муҳоҷирати корӣ дар Русияро дорам. Як сабаби ба Бритониё таваҷҷуҳ карданам ин аст, ки забони англисиро медонам ва бояд онро рушд диҳам. Кор дар ин кишвар имкони беҳтарин аст. Дуюм, дар Русия муҳоҷир қадр надорад. Фикр мекунам, дар Бритониё чунин нест," – мегӯяд ӯ.
Онҳое, ки алакай дар ин кишвари аврупоӣ "таъм"-и муҳоҷиратро чашидаанд, аз маош ва шароити кор ситоиш мекунанд. Фирдавс Баротов, сокини 29-солаи деҳаи Чусти ноҳияи Шаҳринав, ба тозагӣ аз Бритониё баргаштааст. Мегӯяд, ба воситаи як ширкати хусусӣ барои кор ба он кишвар рафта буд ва шаш моҳ кишоварзӣ кард.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Плюс"-ҳо ва "минус"-ҳо
"Шароит аз Русия хеле фарқ дорад. Кор кардан дар он ҷо сабук ва маош хубтар аст," – гуфт ӯ. Ҳамсуҳбати мо афзуд, дар ҳоле ки баъзе аз муҳоҷирони кории тоҷик ба таври ғайриқонунӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, дар Бритониё ғайримумкин аст.
Аммо муҳоҷирати корӣ ба Бритониё мушкилҳое ҳам доштааст. Ба қавли Фирдавс Баротов, аксар ширкатҳо ба муҳоҷирон шартномаи шашмоҳа медиҳанд ва пас аз адои он бояд ба Тоҷикистон баргарданд.
"Вақте барои таҳияи санадҳо ва сафар пули зиёд харҷ мекунед, ҳадди ақал як сол бояд кор кунед. Чунин нест, баъзе корфармоён шаш ва бархеи дигар шартномаи нӯҳмоҳа медиҳанд. Маблағи сафар ба Бритониё аз як тараф то 20 ҳазор сомонӣ аст," – гуфт ӯ.
Аз солҳои навадум ба ин сӯ Русия кишвари асосии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Дар радаи дувум Қазоқистон меистад. Солҳои охир шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кору маоши беҳтар бо ҳар роҳе худро ба Кореяи Ҷанубӣ, Аврупо ва ё Амрико мерасонанд, аммо шумораашон зиёд нест. Дар Русия ба ҳисобҳои гуногун беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат доранд.
Коршинос Шӯҳрат Латифӣ мегӯяд, "масири Бритониё метавонад, мушкили бекориро қисман ҳал кунад, вале танҳо барои шахсоне, ки забони англисӣ медонанд, мутахассис ва соҳиби маълумот ҳастанд."
Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки ҳамвора ба ташкили ҷойҳои корӣ бо маоши муносиб дар дохили Тоҷикистон таъкид мекунанд. Мақомот ҳар чанд вақт омори ҷойҳои холии корро эълон ва корҷӯёнро даъват мекунанд, вале сокинон аз камии маошу тарзи пазируфтани коргарон шикоят доранд. Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон тақрибан шаст ҳазор кас ҳамчун бекор сабт шудаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд.