Раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров ба онҳое, ки довталабона ба ҷанг зидди Украина мераванд, 300 ҳазор рубли русӣ ваъда додааст.
Ба иттилои нашрияи "Агентство", довталабон бояд "солим", то 50-сола бошанд ва таҷрибаи ҳарбӣ доштани онҳо шарт нест.
Нашрия навиштааст, довталабонро тавассути маркази ҷамъоварӣ дар шаҳри Грозний ба Украина интиқол хоҳанд дод. Аммо ҳеч гуна қарордоде бо онҳо баста нахоҳад шуд.
"Агентство" мегӯяд, дар паёмакрасони Телеграм чанд видео нашр шудааст, ки лаҳзаи тамрини довталабони ҷанг аз ҷониби Русия зидди Украинаро нишон медиҳанд.