Теъдоди парвози ҳавопаймоҳо байни Қазоқистон ва Тоҷикистон афзоиш меёбад. Дар ин бора пойгоҳи хабарии Kapital.kz бо такя ба хадамоти матбуоти Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии ин кишвар иттилоъ додааст.
Ба ин тартиб, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон аз 25-уми апрел шумораи парвозҳоро аз Душанбе ба Алмато аз як парвоз ба ду парвоз афзоиш медиҳад.
Ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон тасмим гирифтааст, аз 1-уми май шумораи парвозҳоро байни Душанбеву Алмато аз як то се парвоз дар як ҳафта ва аз 1-уми июн аз 3 ба 4 парвоз зиёд кунад.
Ҳамин тавр, байни ду кишвар ҳафтае шаш бор парвозҳо анҷом хоҳад шуд.