Сафар аз Тоҷикистон ба Русия тавассути Қазоқистон, вале бо чанд шарт

Марзи Русия ва Қазоқистон.

Сафорати Русия дар Душанбе гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд бо роҳи заминӣ аз Қазоқистон вориди қаламрави Русия шаванд. Ҳукумати Қазоқистон қаблан эълон карда буд, ки аз 11-уми апрели имсол роҳи заминии кишвараш бо Русия боз шуд.

Сафорат дар изҳороте дар Telegram гуфтааст, вуруди озод ба Русия тавассути гузаргоҳҳои заминӣ дар марз бо Қазоқистон, танҳо барои шаҳрвандони Русия ва Қазоқистон имконпазир аст.

Бино бар он, убури шаҳрвандони кишварҳои севум, аз ҷумла Тоҷикистон, аз Қазоқистон ба Русия танҳо дар баъзе мавридҳо, дар сурати мавҷуд будани асосҳои иловагӣ мумкин мебошад:

  • ҳузури хешовандони наздик - шаҳрванди Русия;
  • ворид шудан ба хешовандони наздики бемор, ки ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд;
  • иштирок дар Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон ва ғ.

Бар пояи ин изҳороти сафорати Русия, ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тавассути роҳҳои заминӣ танҳо то ба Қазоқистон раванд. Қазоқистон ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тавассути марзҳои заминияш имкон медиҳад, ки аз он кишвар ба давлатҳои дигар раванд, ба шарте ки кишвари дигар ба ин шаҳрвандон иҷозаи вуруд бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол, талаботи пешниҳоди ҳатмии маълумотнома бо натиҷаи манфии ташхиси COVID-19 боқӣ мемонад. Роҳҳои заминӣ аз моҳи марти соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус баста шуда буданд.

Қазоқистон яке дигар аз маконҳои муҳими кору даромади муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва боз шудани марзҳо барои ин гурӯҳ хабари хуш мебошад. Сафари хориҷиҳо бо ҳавопаймо дар давраи пандемия бисёр гарон анҷом мешуд.