Покистон аз Толибон хост, ки нисбат ба ҷангҷӯёне, ки аз хоки Афғонистон ба низомиёни ин кишвар ҳамла мекунанд, чора бинад.
Ин дархост пас аз он садо дод, ки Толибон Покистонро дар ҳамлаҳои маргбори ҳавоӣ дар хоки Афғонистон муттаҳам кард.
Вазорати корҳои хориҷии Покистон рӯзи 17-уми апрел бо нашри як баёния гуфт, ки нерӯҳои амниятии ин кишвар бештар ҳадафи ҳамлаҳои "террористӣ" аз Афғонистон қарор мегиранд.
Дар баёния гуфта мешавад, ки Покистон ҳамлаи “террористон” ба низомиёнашро, ки аз дохили хоки Афғонистон сурат мегирад, қатъиян маҳкум мекунад.
Рӯзи 16-уми апрел мақомоти Толибон ба сафири Покистон дар Кобул нота ё ёддошти эътирозӣ супурда буданд. Ҳукумати Толибон ҳамлаи Покистонро нодуруст номида, онро маҳкум карда буд.
Дар вилояти Хуст, ҷанубу шарқи Афғонистон, шаби 15-уми апрел ҳамлаҳои ҳавоӣ сурат гирифт, ки ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, беш аз 30 нафар сокинони осоишта дар он кушта шудаанд.