Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонии тоҷик нисфирӯзии 16-уми апрел аз зиндони шаҳри Хуҷанд озод шуд. Ӯро, ки ҳукми 11 солаи зиндонашро адо кард, гуруҳе аз хешовандонаш пешвоз гирифтанд ва хабарнигори Радиои Озодӣ ҳам онҷо буд.
Муҳаммадюсуф Исмоиловро соли 2013 бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба 11 соли зиндон маҳкум карда буданд, ҳарчанд худаш мегуфт, ки бегуноҳ аст ва барои мақолаҳои танқидиаш дар бораи мақомоти маҳаллӣ аз ӯ ниқор гирифтаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хуҷанд мегӯяд, ки вазъи сиҳатӣ ва равонии Муҳаммадюсуф Исмоилов хуб ба назар мерасид ва ӯ гуфтаааст, ки дар умум 8 солу 10 моҳро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ кардааст. Бар асоси қонунҳои афве, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон қабул карданд, аз ҳукми зиндони хабарнигор чанд сол коста шуд, вале ӯ ҳақ надорад, то се соли оянда ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул шавад.
Муҳаммадюсуф Исмоилов ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки аз хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ сипосгузор аст, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи ӯ садо баланд мекарданд. Муҳаммадюсуф Исмоилов, дар гузашта дар ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ” ва чанде дигар аз нашрияҳо кор кардааст. Соли 2011 ӯро барои нашри мақолаи интиқодие бо номи "Ашт валангор мегардад" бо иттиҳоми “таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» боздошт карданд ва 11 моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштанд.
Бо талоши созмонҳои журналистӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ журналист озод шуд, аммо ду сол баъд Муҳаммадюсуф Исмоиловро рӯзи 24 июни соли 2013 дигарбора бо иттиҳоми “тамаъҷӯӣ” дастгир карданд. Муфаттишон гуфтанд, ки ӯ ба як зане таҳдид кардааст, ки агар “ҳаққи хомӯшии ӯро” напардозад, маълумоти маҳрамонаеро дар борааш фош мекунад.
Мақомот гуфтанд, ки Маҳмадюсуф Исмоилов ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ боздошт шуд. Додгоҳ ӯро барои ин гуноҳ ба 11 соли зиндон маҳкум кард, ки созмонҳои ҳомии озодии матбуот онро ҳукми сангин унвон карданд.
Ҳукумати Тоҷикистон солҳост, ки барои маҳдуд кардани озодии баён ва фишор ба хабарнигорону дигарандешон аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ сахт танқид мешавад
Мусоҳибаи видеоӣ бо Муҳаммадюсуф Исмоилов ба зудӣ дар вебсайти Радиои Озодӣ нашр мешавад.