64 хайма барои паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон

Акси хаймаҳои чӯбӣ аз вебсайти "Ховар"

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ҷануби кишвар дар як урдугоҳ барои паноҳҷӯёни эҳтимолии афғонистонӣ 64 хаймаи чӯбӣ сохтаанд.

Ба иттилои хабаргузории расмии “Ховар”, урдугоҳи муваққатӣ дар ҳудуди деҳаи Саноати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгир буда, хаймаҳои сохташуда бо “нерӯи барқ, хатти оби ошомиданӣ, ошхона ва ҳаммом таъмин карда шудаанд”.

Ин урдугоҳ бо пуштибонии идораи Созмони Милал оид ба умури кӯдакон, хазинаи Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Раёсати СММ дар умури паноҳандагон сохта шудааст.

Моҳи августи соли гузашта Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд ва гуруҳи зиёди мардуми норозӣ ватани худро тарк карданд. Ба иттилои расмӣ, 15 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ ҳам, ки ҷӯёи сарпаноҳ ва зиндагии осоишта буданд, ба Тоҷикистон гузаштанд.

Мақомот дар Душанбе дар муроҷиат ба созмонҳои имдодрасони байналмилалӣ ва ҳам кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, ки батанҳоӣ аз уҳдаи ёрӣ ба паноҳандаҳои афғонистонӣ намебароянд.

Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, ки паноҳандаҳои афғонистониро дар минтақаҳои дуртар аз марз - ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат нигоҳ медоранд ва бо ёриҳои башарӣ таъмин кардаанд.

То ҳол сохторҳои мухталифи СММ, Иттиҳоди Аврупо ва чанд давлати ғарбӣ ба фирориёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон ёрӣ мекунанд.