Як гуруҳ аз фаъолони Қирғизистон рӯзи 14-уми апрел пушти дари сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ карда, зидди роҳбарияти Тоҷикистон шиорҳо доданд. Онҳо дар даст акси президент Эмомалӣ Раҳмон, парчами Қирғизистон ва кӯдакони қирғизистониеро доштанд, ки дар низоъҳои марзӣ фавтидаанд.
Эътирозгарон муноқишаҳои пайваста дар марзро кори дасти ҳукуматдорони тоҷик номида, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ба ин масъала таваҷҷӯҳ кунанд ва бо эълони таҳрим ё чораҳои дигаре нисбати президент Раҳмон ба низоъ дар марз хотима бахшанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи тазоҳурот изҳори назар накарданд.
Пулиси Қирғизистон баъзе аз шиорҳоро "хашин" номида, ширкатдоронро огоҳ кард, ки чунин гапҳо ҷавобгарӣ доранд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва кормандони сафорат дар Бишкек аз шарҳи ҳамоиши эътирозии шаҳрвандони Қириғизистон дар назди сафорат худдорӣ варзиданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин тазоҳурот пас аз ду рӯзи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Дар он ҳодиса як сарбози тоҷик кушта ва аз ду тараф чанд каси дигар захмӣ шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон дар сар задани ҳодиса нерӯҳои Қирғизистонро айбдор карданд. Бишкек масъулиятро ба дӯши марзбонҳои тоҷик гузошт.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон амалкарди марзбонони Қирғизистонро маҳкум карда, хоҳони "тафтиши воқеӣ" ва "ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон" шудааст.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, ду ҷониб ба зарурати таъйину нишонагузории қитъаҳои баҳсии марз таъкид намуданд.
Ҳамон рӯз Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон, дар робита ба низои ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон гуфт: "Дар низоъ бо кишварҳои ҳамсоя нашри иттилои носаҳеҳ ва таҳқири роҳбарони онҳо ва паҳнсозии навору аксҳои мухталифро қатъ кунед. Бо ин кор вазъро печидатар ва норизоиро байни ду миллат меафзоед. Бале, мушкили марз ҳаст. Мушкиле, ки 30 сол боз вуҷуд дорад. Ин мушкил эҳтиёткории бештарро талаб мекунад. Ин вақт мегирад. Худо хоҳад, ман тасмим дорам, ин масъаларо то охири муҳлати президентиам ҳал кунам."
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр сарҳад доранд ва то ҳол беш аз нисфи он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Даҳҳо километр хатти марз мавриди баҳс қарор дорад ва ҳар чанд вақт боиси сар задани низоъ ва задухӯрдҳо мешавад.