Дар Душанбе дар синни 79-солагӣ ҳамсари шоираи маъруф Гулрухсор - Неъматҷон Раҷабов даргузашт. Ба қавли дӯстони хонаводаии шоира, ҳамсараш аз беморӣ ранҷ мекашид ва рӯзи 8-уми апрел дар як беморхонаи Душанбе даргузашт. Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттиҳоди Нависандагони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 9-уми апрел маросими хоксупории ӯ дар оромгоҳи Сариосиё баргузор шуд. Гулрухсор то охирин лаҳза дар назди ҳамсараш буд.
Шоир Аскар Ҳаким, ки аз солҳои ҷавонӣ бо ин хонавода робитаҳои дӯстӣ дорад, гуфт, Неъматҷон Раҷабов геолог буд, вале муҳимтарин рисолаташ дар зиндагӣ пуштибониву дастгирии ҳамсари шоираш будааст.
«Аз солҳои донишҷӯӣ ба ҳам муҳаббат доштанд, Неъматҷон баъди донишгоҳ ба хидмати артиш рафтанду баъди баргаштанашон издивоҷ карданд. Бо Гулрухсор бомуҳаббату самимияти тамом зиндагӣ карданд», гуфт Аскар Ҳаким дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. Гулрухсор ва Неъматҷон Раҷабовҳо як писар доранд, ки дар ин рӯзҳо дар хориҷа ба сар мебурд ва бо шунидани хабари даргузашти падар қарор аст ба Душанбе баргардад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Гулрухсор: Боре ҳам сафедро сиёҳу сиёҳро сафед нагуфтам