Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассон ба «зарурати ҳарчи зудтар афзоиш додани ҳаҷми кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон” таъкид кардааст. Ба навиштаи вебсайти президенти Тоҷикистон, ин мулоқот рӯзи 8-уми апрел дар Душанбе дар Қасри миллат барпо шудааст. Дар мулоқот бо дипломати аврупоӣ раҳбари Тоҷикистон омодагии кишварашро дар интиқоли кӯмакҳо ба Афғонистон баён кардааст. Ҷузъиёти бештари дидору гуфтугӯи ду мақом оварда намешавад, танҳо гуфта шудааст, ки дар ин ҷаласа аз “афзоиши таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҳамчунин ҷиноятҳои киберӣ” изҳори нигаронӣ шудааст.
Рӯзи 8-уми апрел мавзӯи Афғонистон яке аз масоили мавриди гуфтугӯи дигари президенти Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Владимир Путин ҳам буд. Сӯҳбати телефонӣ, ба қавли дафтарҳои матбуоти Кремлин ва президенти Тоҷикистон, ба 30-солагии барқароршавии робитаҳои дипломатии ду кишвар бахшида шуд. Ҷузъиёти бештари ин сӯҳбатҳо ҳам нашр намешавад, ба ҷуз ин ки гуфта шудааст, “Раҳмон ва Путин ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои стратегии ду кишвар дар оянда таъкид карданд”.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 км марзи муштарак дорад ва сари қудрат омадани “Толибон” дар ин кишвар августи соли 2021 нигарониҳоеро дар заминаи амнияту бехатарӣ дар қаламравҳои ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба бор овард. Тоҷикистон гуфт, ки ҳукумати “Толибон”-ро эътироф намекунад ва имкони муколама бо ин гурӯҳи ҳоким дар Афғонистонро то ҳол рад кардааст.
Дар Тоҷикистон 15 ҳазор паноҳандаи афғон сарпаноҳ ёфтаанд ва Тоҷикистон гуфтааст, ки танҳо бо кӯмаки созмону кишварҳои байналмилалӣ метавонад ба мушкилоти ин гурӯҳ расидагӣ кунад. Ҳарчанд дар оғози суқути Кобул ба дасти “Толибон” ҳукумати Тоҷикистон гуфт, омодааст то 100 ҳазор паноҳандаи афғонистониро бипазирад, амалан марзро барои аксари онҳо баста нигоҳ медорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ба мактаби паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон 80 ҳазор доллар кумак карданд. ВИДЕОЁ ҷои кор, ё интиқол ба кишвари сеюм. Мушкили асосии паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕОБа Тоҷикистон кумак карданд, то ба паноҳҷӯёни афғон кумак кунад"Марзи Тоҷикистону Афғонистон бастааст", вале барои гурезаҳои эҳтимолӣ паноҳгоҳ месозанд. ВИДЕОТоҷикистон ба даҳҳо донишҷӯйи афғонистонӣ иҷозаи даромадан надодааст. Чаро?