Муовини раиси палатаи поёнии порлумони Узбекистон ва раиси Ҳизби "Миллий Тикланиш" Алишер Қодиров гуфт, зидди баргузории роҳпаймоии "Бессмертный полк" ё "Полки абадӣ" дар кишвараш аст.
"Полки абадӣ" намоиши нерӯи заиф ва як абзори таблиғи Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Мо зидди чунин намоишҳо ҳастем", - навиштааст Қодиров 3 апрел дар Телеграми худ.
Баргузории ин роҳпаймоиро дар Узбекистон сафорати Русия дар шаҳри Тошканд ва Оҷонси "Россотрудничество" сармоягузорӣ мекунад. Ду соли ахир баргузории роҳпаймоӣ дар Узбекистон ба далели пандемияи коронавирус манъ карда шудааст.
Гуруҳи ташаббускор барои баргузор кардани "Полки абадӣ" дар рӯзи 9 майи имсол аллакай ба пулиси Тошканд дархост фиристодааст. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки мақомоти узбек имсол ба баргузории он иҷозат медиҳанд, ё не.
“Полки абадӣ” (Бессмертный полк) аз соли 2011 дар Русия ва бархе аз кишварҳои дигар бо нияти поси хотири қурбониёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон баргузор шуда, ҳар хонаводае, ки наздиконашон дар нооромиҳои солҳои 1941-1945 иштирок кардаанд, рӯзи 9 май бо акси калони онҳо ба кӯча мебароянд.
Ин роҳпаймоӣ дар аввал ташаббуси хабарнигори телевизиони ТВ-2-и шаҳри Томск буда, аз соли 2015 ба ин сӯ онро Ҷабҳаи мардумии умумирусиягӣ баргузор мекунад.