Мақомоти Украина мегӯянд, русҳо 11 мақомдори маҳаллиро гаравгон гирифтаанд. Ҷониби Русия ин иддаоро ҳанӯз шарҳ надодааст.
Ирина Верешчук, як мақомдори украинӣ гуфт, ки то имрӯз 11 раиси шаҳру ноҳияро дар атрофи Киев, вилоятҳои Херсон, Харков, Запорож, Николаев ва Донетск гаравгон гирифтаанд. "Мо дар бораи онҳо ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, СММ ва ҳама созмонҳои дахлдор хабар додаем. Мо талаб дорем, ки онҳо озод карда шаванд ", – гуфт ӯ.
Ҳамзамон ӯ гуфт, ки Олга Сухенко, раиси деҳаи Мотижин дар наздикии Киев кушта шудааст.
Аз ин пеш, мақомоти украинӣ гуфта буданд, ки 24 мансабдори Украина дар банди русҳо ҳастанд.
Дар ҷанги беш аз як моҳаи Русия бо Украина садҳо нафар куштаву миллионҳо нафар бехона гаштанд.