Ҷасади Макс Левин, аккос ва мустанадсози украиниро дар наздикии шаҳри Киев ёфтаанд. Вай рӯзи 13-уми марти имсол нопадид шуда буд.
Ёвари президенти Украина дар Телеграм навишт, ҷасади Левин рӯзи 1-уми апрел пайдо шуд.
Хабарнигорони Бидуни Марз дар Твиттер гуфт, Левин мусаллаҳ набуд, вале ба тан ҷавшане бо навиштаи «Press» дошт.
Ба гуфтаи масъулони созмон, Левин журналисти шашум аст, ки аз оғози ҳамлаи Русия бар Украина кушта мешавад. Хабарнигорони Бидуни Марз, қароргоҳаш дар Порис, рӯзи 2-юми апрел гуфт, ҳадаф қарор додани рӯзноманигорон ҷинояти ҷангӣ аст.
Додситони кулли Украина гуфтааст, бар асоси ёфтаҳои ибтидоӣ, Левин аз тарафи нерӯҳои Русия ва бо аслиҳаи сабук кушта шудааст.
Макс Левини 40-сола, падари чаҳор фарзанд, бо бисёре аз расонаҳои украинӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла «Рейтерс», Би-Би-Сӣ ва «Ассошиэйтед Пресс» ҳамкорӣ мекард.