Обрӯи Владимир Путин баъди ҷанг дар Украина боло рафтааст

Владимир Путин дар як нишасти хабарӣ бо нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан.

Як назарсанҷӣ дар байни мардуми Русия нишон додааст, ки баъди оғози ҷанг дар Украина обрӯи раиси ҷумҳур Владимир Путин дар кишвараш боло рафтааст. Маркази назарсанҷии Левада рӯзи 30-уми март бо нашри натиҷаҳои назарсанҷӣ гуфт, ки 80 дар сади мардуми Русия тарафдори амалкардҳои Владимир Путин будаанд.

Назарсанҷиро аз рӯзи 24-ум то 30-уми март ва бо суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо бештар аз 1600 нафар дар саросари Русия анҷом додаанд. Натиҷаҳои назарсанҷӣ бо ёфтаҳои марказҳои назарсанҷии давлатии Русия мувофиқат мекунад, ки гуфтаанд, бештар аз 80 дар сади мардум Владимир Путинро дастгирӣ мекунанд.

“Левада”, яке аз марказҳои мустақил ва муътабари Русия ба ҳисоб меравад. Ин созмонро соли 2016 бар асоси қонуни сахтгирона “маъмури хориҷӣ” унвон додаанд, ки барчаспе аз замони Ҷанги Сард аст ва як навъ маънии “ҷосус ва ё хиёнатро дорад. Қонун дар бораи маъмурони хориҷӣ ҳамчунин ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ, матбуоти мустақил ба шумули Радиои Озодӣ дахл дорад.

Баъди оғози ҷанги Украина дар Русия дар рӯзи 24-уми феврал хабарнигорони зиёде аз Русия гурехтанд ва аз он рӯз то кунун фақат матбуоти давлатӣ дар гӯши мардум хабарҳои тарғиботӣ дар бораи ҷанги Украинаро мехонанд ва дар бораи “пешравиҳо” ва зарурӣ будани ҷанг мегӯянд.