Як сокини Хоруғро бо гумони таҳқири намояндаи давлат дастгир кардаанд

Акс аз видеоест, ки мақомоти интизомӣ дар телевизиони давлатии Бадахшон нашр карданд.

Вазорати корҳои дохилӣ эълон кард, ки Манучеҳр Шеров яке аз сокинони шаҳри Хоруғро бо иттиҳоми таҳқири намояндаи ҳокимият ва авбошӣ боздошт карда ва ӯро узви гуруҳи ҷиноие номидаанд, ки маъмурони милисаро маҷруҳ кардаанд.

Баръакси гуфтаи мақомот, фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон Манучеҳр Шеровро фарде хондаанд, ки гӯё ба зидди худсариҳои мақомоти интизомӣ ва беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон дар вилоят садо баланд мекард.

Дар баёнияе, ки вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 31-уми март нашр кард, омадааст, Манучеҳр Шеров, сокини шаҳри Хоруғро дар ҳамин рӯз дастгир кардаанд ва ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ аз ҷумла ба “авбошӣ бо истифода аз аслиҳа ва таҳқири оммавии намояндаи ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифа” гумонбар ва ё муттаҳам мешавад.

Фотима Имомназарова, модари Манучеҳр Шеров рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ субҳи 31-уми март аз Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба ӯ занг зада, гуфтаанд, ки писараш дар боздоштгоҳ аст ва метавонед, ӯро хабар бигирад.

Мақомоти интизомӣ Манучеҳр Шерови 36-соларо ба як ҷанҷолу даъво бо кормандони мақомоти интизомӣ дар Хоруғ муттаҳам кардаанд. Дар баёнияи вазорат омадааст, Манучеҳр Шеров “14 ноябри соли 2021 якҷо бо аъзои гурӯҳи муташаккили ҷинояи шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ҷамшед Шаъбонов ва дигарон дар посгоҳи маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони раёсати Вазорати корҳои дохила бо табар ҳуҷум карда, онҳоро захмдор кардааст.”

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин ҳодисаро тасдиқ кард, ҳарчанд гуфт, ки “табар надоштанд”. Мақомоти интизомӣ дар он замон гуфта буданд, ки ҳангоми моҷаро бо тарафдорони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз онҳо бо табар ба қафаси синаи корманди милиса зада, ӯро маҷруҳ кардааст.

Ба гуфтаи вазорати корҳои дохилӣ, Манучеҳр Шеров чаҳор даъватномаи расмӣ ба додситониро нодида гирифтааст ва барои ҳамин дастгир шуд.

Фаъолони маданӣ дар Бадахшон, ки борҳо шоҳиди тазоҳуроти нооромӣ шудааст, маъмурони амниятӣ ва милисаро ба худсарӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, рафтори ғайриқонунии онҳо сабаби моҷарову занозанӣ мешавад. Мақомот мегӯянд, ин иддао беасос аст.