Дар Тоҷикистон равғану картошкаву сабзӣ "андаке" арзон шудааст

Равғани рустанӣ ҳам андаке "арзон" шудааст.

Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ мегӯяд, қимати баъзе аз маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба аввали моҳи март андаке поин омадааст. Дар гузориши моҳонаи созмон дар бораи қиматҳо дар Тоҷикистон, ки рӯзи 30-уми март нашр шуд, омадааст, равғани растанӣ дар охири моҳ дар муқоиса ба аввали моҳ 2 дар сад арзонтар шудааст.

Қимати картошкаву сабзӣ 5 дарсадӣ ва қимати як кило шакар то 1 дар сад поинтар омадааст. Айни замон бино ба ин гузориш қимати миёнаи як кило картошка дар Тоҷикистон 4 ва қимати сабзӣ 2.4 сомониро ташкил медиҳад. Қимати миёнаи як кило равғани рустанӣ ба 25.6 сомонӣ мерасад.

Бо вуҷуди ин қиматҳо дар муқоиса ба моҳи март дар Тоҷикистон бисёр баланд будаанд ва масалан қимати орд ва шакар аз 15 то 16 дар сад гаронтар шудааст. Қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон баъди оғози ҷанги Русия дар Украина, эъмоли таҳримот ба зидди Русия, ки яке аз шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон аст, бисёр боло рафт.

Заиф шудани рубли русӣ ҳам сабаби поин омадани арзиши сомонӣ пули миллии Тоҷикистон дар баробари дигар асъори хориҷӣ бахусус доллар шуд. Азбаски қисми зиёде аз маҳсулоти хӯрокаи Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад, поин омадани қурби сомонӣ ва боло рафтани қурби доллар сабаби гаронтар қимати шудани маҳсулоти воридотӣ мешавад.