Русия интиқоли газро тавассути лӯлаи "Ямал-Аврупо" қатъ кард

Акс аз бойгонӣ

Русия интиқоли газро тавассути лӯлаи "Ямал-Аврупо" қатъ кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба ширкати олмонии Gascade иттилоъ дод.

Имрӯз ҳаҷми интиқоли газ ба Лаҳистону Олмон тариқи лӯлаи мазкур ба сифр баробар шуд. Сабабҳои қатъи интиқоли газ тавассути лӯлаи "Ямал-Аврупо" хабар дода намешавад.

Интиқол тавассути лӯлаҳои дигар, аз ҷумла "Ҷараёни шимол - 1" идома дорад.

"Газпром", ширкати нафту гази Русия, барои интиқоли газ тавассути Лаҳистон шартномаи дарозмуддат надорад. "Газпром" лӯлаҳоро барои кӯтоҳмуддат ба иҷора мегирад.

Пештар аз ин, президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумати кишвараш, Бонки Марказии Русия ва ширкати "Газпром" дастур дода буд, ки то 31-уми март додуситади газро бо "кишварҳои нодӯст" бо рубли русӣ ба роҳ монанд.

Кишварҳои Ҳафтгонаи бузург – Амрико, Фаронса, Бритониё, Олмон, Канада, Италия, Ҷопон – гуфтанд, ки гази Русияро бо рубл намехаранд. Иттиҳоди Аврупо ҳам гуфт, барои гази Русия рубл пардохт намекунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия хабар дод, ки дар сурати худдорӣ кардан аз пардохти рубл интиқоли газ бас карда хоҳад шуд.