Amnesty International: Баҳои умри одам ба хок баробар шуд

Созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International гузориши нави худро дар бораи вазъи ҳуқуқи одамон дар соли 2021 ба нашр расонд. Дар он аз ҳукумати аксар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, дар пайванд ба бемории коронавирус, саркӯби озодии баёну мунтақидон, истифода аз шиканҷаву бадрафторӣ дар хонаву боздоштгоҳҳо ва масоили дигар ба шиддат танқид шудааст.

Коронавирус ва ваксина: Ба фоида ва ба зарари кӣ?

“Раҳбарони сиёсӣ ва гуруҳҳои азими иқтисодӣ фоидаву қудрати худро аз хидмат ба мардум болотар дониста, ба ваъдаҳояшон барои барқарорсозии одилонаи баъд аз пандемия хиёнат мекунанд,” – гуфта шудааст дар гузориш. Матни он 29-уми март нашру паҳн шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Oxfam": Сарватмандони бузург дар замони пандемия сарватмандтар шудаанд

Агнес Калламард, дабири кулли Amnesty International, мегӯяд, “соли 2021 мебоист соли шифобахш ва соли азнавсозии нерӯи башар мегардид, вале, баръакс, як соли эҷоди нобаробарӣ ва ноустувории бештаре, як соли ҷамъ кардани мероси заҳролуде барои солҳои оянда гардид.”

Дар гузориш гуфта шудааст, кашфи босуръати ваксинаҳои зидди COVID-19 умеди аксариятро ба поёни пандемия зинда кард, аммо то охири соли 2021 камтар аз чаҳор дарсади сокинони кишварҳои камдаромад пурра эм карда шуданд.

Агнес Калламард

“Давлатҳои сарватманд, ба монанди кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида миқдори бештаре аз шумораи зарурии ваксинаро захира карданд. Онҳо айни замон чашм пӯшиданд, ки ширкати Big Pharma фоидаи худро аз саломатии мардум боло гузошта, аз мубодилаи технология барои паҳн кардани ваксинаҳо худдорӣ варзид. Pfizer, BioNTech ва Moderna дар соли 2021 то 54 миллиард доллар фоидаро пешбинӣ карданд, вале танҳо камтар аз 2 дарсади ваксинаҳои худро ба кишварҳои камдаромад фиристоданд,” – омадааст дар гузориш.

Ба қавли муаллифон, то охири соли 2021 камтар аз 8 дарсади аҳолии Африқо пурра эм карда шудаанд ва ин сатҳи пасттарин дар ҷаҳон аст: “То моҳи май дар Африқои Ҷанубӣ тақрибан 750 ҳазор кӯдак тарки мактаб карданд ва ин аз шумораи пеш аз пандемия се маротиба зиёдтар аст. Дар Ветнам занони коргари муҳоҷир осеб диданд. Дар Венесуэла вазъи башарӣ бадтар шуд: 76,6 дарсади аҳолӣ дар камбизоатии шадид зиндагӣ мекарданд.”

Агнес Калламард мегӯяд, “ҳуқуқ ба саломатӣ ва зиндагӣ ба таври васеъ поймол карда мешуд. Миллионҳо нафар барои ёфтани сару нӯги зиндагиашон мубориза мебурданд, одамони зиёд бе хона монданд, кӯдакон аз таҳсил маҳрум шуданд, нодориву камбизоатӣ афзуд.”

Низоъ дар гӯшаҳои ҷаҳон

Афви Байнулмилал мегӯяд, дар соли 2021 дар Афғонистон, Буркина-Фасо, Эфиопия, Исроил ва сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин, Либия, Мянмар ва Яман низоъҳои нав ё низоъҳои куҳнаи ҳалнашуда аз нав сар заданд ё идома ёфтанд.

“Дар ин низоъҳо ҷонибҳои даргир ҳуқуқи башар ва қонунҳои башардӯстонаро поймол карданд. Дар пайи ин даргириҳо, мардуми зиёд осеб диданд, миллионҳо нафар гурезаву овора ва ҳазорон кас кушта шуданд, садҳо нафар мавриди зӯроварии ҷинсӣ қарор гирифтанд ва сохтору низомҳои бе ин ҳам осебпазири тандурустӣ ва иқтисодӣ зарари бештаре диданд,” – омадааст дар гузориш.

“Беамалие, ки сабаби таҷовузи Русия ба Украина шуд”

Ба бовари муаллифон, нокомӣ дар ҳалли муноқишаву даргириҳои зиёд боиси бесуботӣ ва вайрониҳои бештаре дар ҷаҳон гардид: “Бесамар будани вокуниши байнулмилалӣ ба буҳронҳо “ба фалаҷ гирифтор шудани” Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро бармало нишон дод. Ин Шӯро бар зидди амалиёти ваҳшиёна дар Мянмар, ба нақзи ҳуқуқи башар дар Афғонистон, ба ҷиноятҳои даврони ҷанг дар Сурия ҷавоби саҳеҳу солеҳ дода натавонист. Ин амали шармсор ва набудани масъулияти давлатҳои тавоно ба оғози ҳамлаи Русия ба Украина кумак кард ва ба дағалона вайрон кардани қонунҳои байнулмилалӣ аз тарафи Маскав роҳ кушод.”

“Дар мавридҳои хеле ва хеле кам вокуниши зарурии байнулмилалӣ ба амал омада, адолат ва масъулият таъмин карда мешуд. Ва баръакси ҳол низоъ бештар вусъат ёфт ва бо мурури замон, таъсири он бадтар шуд ва шумораи тарафҳои мухталифи даргир афзуд. Саҳнаҳои нави низоъ кушода ва яроқу аслиҳаи нав озмуда шуданд. Шумораи қурбониён ва маҷруҳон зиёдтар шуд. Арзиши умри инсон ба хок баробар шуд. Суботи ҷаҳонӣ “ба сатҳи пои остона” оварда шуд," – гуфт Агнес Калламард.

Пахши садоҳои мустақил

Дар соли 2021 дар ҷаҳон тамоюлҳои пахш кардани садоҳои мустақил ва интиқодӣ ривоҷ ёфтанд ва ҳукуматҳо барои он маҷмӯи васеъи усулҳоро истифода бурданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар, созмонҳои ғайридавлатӣ, расонаҳо ва пешвоёни мухолифин ҳадафи боздошти ғайриқонунӣ, шиканҷа ва нопадидшавии маҷбурӣ қарор гирифтанд. Ва аксари ин амалҳои зишт зери пардаи пандемия пиёда шуданд.

Ҳадди ақал дар 67 кишвар дар соли 2021 қонунҳои нав ҷорӣ шуданд, ки озодии баён, иттиҳодия ё ҷамъомадҳоро маҳдуд мекунанд. Дар дастикам 36 иёлат дар Амрико беш аз 80 лоиҳаи қонунро пешниҳод кардаанд, ки озодии ҷамъомадҳоро маҳдуд мекунанд. Ҳукумати Бритониё лоиҳаи қонун дар бораи полис, ҷиноят, ҳукм ва судро пешниҳод кард, ки ҳуқуқ ба озодии ҷамъомадҳои осоиштаро ба шиддат коҳиш дод.

Фанновариҳои рақамии пинҳонӣ бештар ҳамчун силоҳ истифода мешаванд. Дар Русия ҳукумат барои боздошти оммавии эътирозгарони осоишта ба технологияи шинохти чеҳра муроҷиат кардааст. Дар Чин мақомот ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет амр доданд, ки дастрасиро ба вебсайтҳое, ки "амнияти миллиро зери хатар мегузоранд", қатъ кунанд ва барномаҳоеро, ки дар онҳо мавзуъҳои баҳсбарангезе, ба мисли Шинҷон ва Ҳонконг баррасӣ мешаванд, масдуд намоянд.

Дар Куба, Эсватини, Эрон, Мянмар, Нигер, Сенегал, Судони Ҷанубӣ ва Судон, мақомот аз бастан ва халалдоркунии интернет истифода карданд, то мардумро аз мубодилаи маълумот дар бораи саркӯбҳо ва созмон додани посухи ин гуна саркубҳо пешгирӣ кунанд.

Ҷавонон ва фаъолони маҳаллӣ дар саросари ҷаҳон роҳбаронро барои нокомии онҳо дар муқобили буҳрони иқлим танқид мекарданд. Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла Amnesty International, барои эътирофи ҳуқуқи инсон ба муҳити пок, солим ва устувор бомуваффақият ташвиқот бурданд. Аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатӣ алайҳи ширкатҳои фаромиллӣ, аз ҷумла Nike, Patagonia ва C&A барои шарикӣ дар меҳнати маҷбурӣ дар минтақаи Шинҷони Чин парвандаҳои нав ва шикоятҳо пешниҳод карда шуданд.

Як мисоли бузурги ҳамкорӣ лоиҳаи Пегасус аст. Дар ин лоиҳа беш аз 80 рӯзноманигор бо дастгирии техникии Amnesty International ҳамкорӣ мекунанд. Ин ҳамкорӣ ошкор намуд, ки нармафзори ҷосусии гурӯҳи NSO-и Исроил алайҳи сарони давлатҳо, фаъолон ва рӯзноманигорон дар Озарбойҷон, Маҷористон (Венгрия), Марокаш, Руанда ва Арабистони Саудӣ истифода бурда мешавад.

“Бо вуҷуди ваъдаҳои бешумор, баръакс, қариб дар ҳар як қадами худ, роҳбарон ва ғӯлҳои иқтисодӣ роҳи ғайри тағйиротро интихоб мекарданд. Онҳо ба ҷои решакан кардани нобаробарӣ тасмим гирифтанд, сохтори нобаробареро, ки дар паси пардаи пандемия вуҷуд дошт, мустаҳкамтар кунанд. Одамон дар саросари ҷаҳон ба таври аён нишон доданд, чизе, ки онҳо мехоҳанд, ҷаҳони одилонатарест, ки ба ҳуқуқи инсон асос ёфтааст,” – гуфт Агнес Калламард, дабири кулли Афви Байнулмилалӣ.

Ҳуқуқи одамон дар соли 2021 дар Тоҷикистон. Чӣ шуд?

  • Ҳукумати Тоҷикистон бо иддаои онки бемории COVID-19 аз байн рафтааст ва тавассути назорати қатъияш болои расонаҳо, чораҳои қаблан ҷоришудаи ҳифзи беҳдоштиро дар давраи пандемия халалдор кард.
  • Дастрасии ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ ба ҳуқуқу адолат ҳамоно мушкилии зиёд дорад.
  • Мавридҳои истифода аз шиканҷа ва муносибати дигари бераҳмона зиёд паҳн шудааст, вале иттилоъ дар ин замина ҳамоно кам аст.
  • Озодии баён бе ягон асос аз тарафи ҳукумат маҳдуд карда шудааст. Фаъолони мухолифин ва мунтақидони ҳукуматро бо иттиҳомҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ боздошт ва ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ карданд.

Задухӯрд дар марз ва паноҳҷӯён

Дар як бахши марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки сокинони ду тараф бар сари дастрасӣ ба об ихтилоф доранд, рӯзи 28-уми апрели соли 2021 задухӯрд сар зад. Мақомот гуфтанд, дар ин рӯйдод аз тарафи Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд.

Яке аз хонаҳои вайроншуда дар деҳаи Сомониёни Исфара, 2-юми майи соли 2021

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи июли соли 2021 эълон кард, ки барои қабули 100 ҳазор паноҳанда аз Афғонистон омода аст. Расонаҳои маҳаллӣ моҳи августи ҳамон сол хабар доданд, ки 2000 нафар аз Афғонистон ба Тоҷикистон омада, ба кишварҳои сеюм фиристода шуданд.

Моҳи сентябр вазири корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон барои қабули паноҳандагони зиёде имконият надорад. Ҳамон моҳ боз 200 шаҳрванди Афғонистон барои гузаштан ба Тоҷикистон талош карданд, вале танҳо 100 зану кӯдак тавонистаанд, марзро гузаранд.

Ҳуқуқ ба саломатӣ

Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъро дар бораи паҳншавии бемории COVID-19 таҳти назорати ҷиддӣ гирифта буд ва ҳам асари онро ба саломати мардум кам нишон дод. Дар натиҷаи ин гуна амалиёт, барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ ва ҳифзи сиҳҳатии мардум чораҳои муфид дертар рӯи даст гирифта шуданд ва бино бар он ҳосили камтаре доштанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ ҳангоми паёмаш ба порлумон гуфт, гирифторӣ ба бемории коронавирус дар кишвар дигар сабт нашудааст. Тибқи гузориши расонаҳои хабарӣ, кормандони тиб барои ташхиси вирус зери фишори ҷиддӣ қарор доштанд. Гуфта мешавад, дастикам як пизишк пас аз эълони санҷиши мусбати беморӣ аз кор ронда шудааст.

Рӯзи 21-уми июн дафтари сарвазири Тоҷикистон эълон кард, ки баъзе мавридҳои гирифторӣ ба бемории COVID-19 ошкор шудааст ва сабаби онро риоя накардани чораҳои муҳофизатӣ аз ҷониби мардум донистанд.

Пас аз он, эмкунӣ ё ваксиназанӣ барои аҳолии калонсол ҳатмӣ шуд, аммо дар бораи рафти татбиқи амалиёти иҷборӣ маълумоте дода нашуд. То охири соли гузашта зиёда аз чаҳор миллион воя ваксина ба аҳолӣ зада шуд. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи сентябр эълон кард, ки аз оғози пандемия 17 ҳазор мавриди гирифторӣ ба бемории COVID-19 сабт шуда, 124 ҳолати он бо марг анҷомидааст. Аммо расонаҳои мустақил хабар доданд, ки бар асоси гузоришҳои дарёфтии онҳо, ин рақам хеле зиёдтар аст.

Хушунат нисбат ба занону духтарон

Дастрасии ҷабрдидагони хушунати оилавӣ ба дастгирӣ, ҳимоя ва адолат хеле мушкил шудааст. Қонун оид ба хушунати хонаводагӣ аз соли 2013 ба ҷарбдидагони имкон додааст, аз чунин ҳодисаҳо ба маъмурони интизомӣ шикоят кунанд. Вале қонун ниҳодҳои дахлдорро барои тафтиши ин гуна шикоятҳо ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ вазифадор намекунад.

Порлумони кишвар тарҳи нави Кодекси ҷиноиро баррасӣ кард, ки дар он як моддаи махсуси ҷиноӣ ба хушунати хонаводагӣ бахшида шудааст. Вуҷуди ин гуна моддаи ҷиноӣ ҳанӯз имкон намедиҳад, ки ҳама намудҳои хушунат, аз ҷумла хушунати равонӣ, таҷовузи зану шавҳар ва таҷовузи ҷинсӣ аз тарафи қонун тавассути ин модда баррасӣ карда шаванд.

Шиканҷа ва муносибатҳои дигари бераҳмона

Барномаи амалии чорабиниҳо, ки ҳамчун як бахши стратегияи нави ислоҳот дар низоми адолати додгоҳӣ пешниҳод шуда буд, моҳи феврал эътибор пайдо кард. Ин барнома назорати мустақили боздоштгоҳҳо, такмил додани низоми ироа ва тафтиши шикояти шахсони боздоштшуда ва таҳияи низоми тафтишоти мустақилонаи марг дар боздоштгоҳҳоро пешбинӣ мекунад.

Ба мақомоти расмӣ танҳо дар бораи шумораи хеле ками шиканҷа ва муносибатҳои дигари бераҳмона гузориш дода шудааст. Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар моҳи март гузориш дод, ки дар соли 2020 ҳадди ақал дар бораи 38 мавриди шиканҷа ва муносибатҳои дигари бераҳмона парвандаҳоро ҳуҷҷатгузорӣ кардааст. Созмон гуфтааст, ин рақам танҳо як қисми ками шумораи воқеии парвандаҳоро ташкил медиҳад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Дар баданам барқ, дар даҳонам об гузоштанд." ВИДЕО, САДО

Се афсари пулис моҳи июни соли 2017 барои шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров аз 10 то 13 сол зиндонӣ шуда буданд. Ҳасан Ёдгоров пас аз чанд рӯзи шиканҷа, латукӯб ва истифодаи нерӯи барқ аз сӯи пулиси шаҳри Турсунзода, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахти Тоҷикистон, ба содир кардани куштор "иқрор шуд". Ӯ то бекор шудани айбнома шаш моҳи зиндагиашро дар боздоштгоҳи муваққатӣ гузаронд. Моҳи майи соли 2018, вақте гумонбари асосиро боздошт карданд, раҳо шуд. Ӯ пас аз озод шудан дар бораи шиканҷа гузориш дод. Ду афсари пулис таҳти афв қарор гирифтанд ва дар натиҷа муҳлати ҷазои онҳо кӯтоҳ карда шуд.

Озодии баён

Мақомот ба саркӯби фаъолони мухолифин ва онҳое, ки ҳукуматро танқид мекунанд, идома доданд. Ин мухолифин бо иттиҳоми дорои ангезаҳои сиёсӣ ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум карда шуданд. Мақомот инчунин истирдоди намояндагони мухолифинро аз кишварҳои хориҷӣ дархост карда, ба таъқиби пайвандонашон дар Тоҷикистон ва хориҷ идома доданд.

Саъдӣ Раҳматов, домоди хонаводаи Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, ду моҳ дар Юнон дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро тавассути Интерпол дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дода буданд. Раҳматов аз онҷо 13-уми январ озод карда шуд. Ӯро дар Тоҷикистон ба "мусоидат ба зархаридӣ" муттаҳам мекунанд. Ин ҷиноят 15 соли маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.

Ҳуқуқшиноси мустақил ва раиси Маркази тоҷикон дар Маскав Иззат Амон (Иззатулло Холов) рӯзи 25-уми март бедарак шуд. Пас аз ду рӯз намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Иззат Амон аз Русия истирдод шуда, дар боздоштгоҳе дар Душанбе мебошад. Иззат Амон ҳукумати Тоҷикистонро борҳо барои бетафовутӣ ба сарнавишти муҳоҷирони тоҷик дар Русия танқид кардааст. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2021 ӯро бо гуноҳи қаллобӣ ба нӯҳ сол зиндон маҳкум кард.

Узви собиқи Ҳизби наҳзати исломӣ Мирзои Ҳоҷимуҳаммад рӯзи якуми июн бо ҷурми “узвият дар созмони мамнӯи ифротӣ” ба панҷ сол зиндон маҳкум карда шуд. Ӯ солҳои охир дар Русия ба ҳайси табиб кор мекард ва моҳи феврали барои дидани пайвандон ба Тоҷикистон баргашт. Дар аввал мақомот сафари ӯро маҳдуд карданд ва сипас моҳи май дастгир намуданд. Гуфта мешавад, ҳукми Мирзои Ҳоҷимуҳаммад бар асари навиштаҳои номаълум дар шабакаҳои иҷтимоӣ асос ёфтааст. Ӯ соли 2020 дар мусоҳиба бо расонаҳо мақомоти кишварро барои дер эътироф кардани вуҷуди бемории COVID- 19 танқид кардааст.

Рӯзноманигори мустақил Далер Шарифов баъди ба охир расидани муҳлати ҷазояш моҳи январ озод гардид. Ӯро моҳи апрели соли 2020 ба як сол зиндон маҳкум карда буданд.

Бар асоси қонуни афв, ки ба муносибати 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон эълон шуда буд, муҳлати ҷазои Бузургмеҳр Ёров чаҳор сол кам карда шуд. Вакили мудофеъ Ёров барои ҳимоят аз чанд узви ҲНИТ ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст.