Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар баданам барқ, дар даҳонам об гузоштанд." ВИДЕО, САДО


Ҳасан Ёдгоров мегӯяд, дар пайи шиканҷа шуданаш қатли Дмитрий Каримовро ба уҳда гирифт
Ҳасан Ёдгоров мегӯяд, дар пайи шиканҷа шуданаш қатли Дмитрий Каримовро ба уҳда гирифт

Тафтиши иловагӣ шиканҷа шудани Ҳасан Ёдгоровро, ки як замон иттиҳоми кушторро ба гардан гирифта, вале баъд аз ёфтани қотили ҳақиқӣ озод гардида буд, тасдиқ кардааст.

Муфаттишон гуфтаанд, осори шиканҷа бо истифода аз нерӯи барқ дар узви мардонаи ин сокини шаҳри Турсунзода боқист. Дар ин қазия се маъмури милиса муттаҳаманд, аммо даст доштани худро дар шиканҷа рад мекунанд.

Тафтиши иловагӣ шиканҷа шудани Ҳасан Ёдгоровро тасдиқ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00
Линки мустақим

Тасдиқи дубора ва радди гумонбарон

Шаҳри Турсунзода
Шаҳри Турсунзода

Парвандаи муттаҳамон камаш се сол боз таҳқиқу баррасӣ мешавад. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2019 онро барои тафтиши иловагӣ ба Додситонии кул фиристода буд ва пас гирифтани посух рӯзи 17-уми март ба муҳокимаи дигарбораи он шуруъ кард.

Дар курсии айбдорӣ

  • Шералӣ Азизов
  • Эраҷ Наимов
  • Саъдӣ Давлатмуродзода

нишастаанд. Онҳо гумонбаранд, ки ҳангоми кор дар Вазорати умури дохилӣ Ҳасан Ёдгорови 35-соларо барои ба дӯш гирифтани гуноҳ шиканҷа кардаанд.

Ба иттилои вакилони Эътилофи зидди шиканҷа, ки аз ҳуқуқи Ҳасан Ёдгоров дифоъ мекунанд, тафтиши иловагӣ нишон додааст: "воқеан, дар бадани ӯ изи шиканҷа ҷой дорад." Яке аз вакилон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, "ин ҳолатро ташхиси тиббиву додгоҳӣ низ тасдиқ кард."

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз пайвандон ва вакилони милисаҳои собиқ иттиҳомро бепоя донистанд. Шуҳрат Гулмуродзода, вакили мудофеи Саъдӣ Давлатмуродзода, рӯзи 17-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт: "Далелҳое дорем, ки ба манфиати шахси зери ҳимояти ман аст ва исбот мекунад, ӯ дар шиканҷа даст надорад."

Хонаводаи Эраҷ Наимов, муттаҳами дигар дар шиканҷа, мегӯянд, “ба гунаҳкор буданаш бовар надоранд” ва иддао мекунанд, ки “дар асл ҷиноятро дигарон карда, Эраҷро ба ҳабс гирифтаанд”.

Гузориши видеоӣ аз соли 2019:

Афсарони муттаҳам бо шиканҷаи Ёдгор Ҳасанов дар курсии айбдорон нишастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

“Тоқат кардан мушкил буд”

Дар мурофиаи рӯзи 17-уми март пурсишу посухи вакилони мудофеи гумонбарон бо Ҳасан Ёдгоров сурат гирифт. Ҳасан Ёдгоров гуфт, ба ҷуз аз се корманди пешини милиса, ки ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастаанд, шахсони дигар низ дар шиканҷаву иқрори маҷбурии ӯ даст доранд, вале номи ҳамаи онҳоро намедонад.

Ӯ дар додгоҳ гуфт: “Онҳо вақти бозпурсӣ дар баданам барқ ва дар даҳонам об мемонданд, ки тоқат кардан мушкил буд”.

Мурофиаи навбатӣ рӯзи 2-юми апрел баргузор хоҳад шуд.

Шарофат Нарзиқулова, модари Ҳасан Ёдгоров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хоҳони тантанаи адолат ва муҷозоти омилони шиканҷаи писараш аст.

8 моҳ дар “нақш”-и қотил

Ҳасан Ёдгоров аз моҳи ноябри соли 2017 то нимаи соли 2018 бо иттиҳоми куштори пешхидмати рус Дмитрий Каримов дар боздошт буд. Дар наворе, ки телевизиони Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 пахш кард, Ёдгоров нақл кард, ки чӣ гуна бо истифода аз корд “ба тарафи чапу рост ва қафаси синаи Дмитрий Каримов зарба зада, ӯро кушт". Дар гузориш гуфта мешуд, Ҳасан Ёдгоров дар рӯзи қатли Каримов бо баҳонаи пайдо кардани манзил барои иҷора дари хонаи дувумиро кӯфтааст.

Ӯ замоне аз боздошт раҳо гашт, ки қотили асосӣ тасодуфан ошкору дастгир шуд. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, қотили асосӣ сокини шаҳри Турсунзода, Леонид Малченков, будааст, ки ҳангоми истифодаи телефони гумшудаи Каримов дастгир шуд. Малченковро тирамоҳи соли 2018 ба 21 соли зиндон маҳкум карданд.

Дар пайи раҳоии Ёдгоров, мақомот аввал Шералӣ Азизов, маъмури милисаи шаҳри Турсунзодаро бо гумони шиканҷаи ӯ дастгир карданд. Ҳангоми таҳқиқ Саъдӣ Давлатмуродзода – корманди дигари милиса дар Турсунзода низ боздошт шуд. Сипас дар ин қазия пойи Эраҷ Наимов, корманди дигари милисаро кашиданд.

Ҷазоро барои шиканҷа сахттар карданд, вале...

Дар Тоҷикистон шиканҷаи гумонбарон ва ба даст овардани эътирофи маҷбурии муттаҳамон ба як масъалаи доғ табдил шудааст. Мақомот мегӯянд, дар пайи танқидҳои зиёд ҷазоро барои бадрафторӣ ва шиканҷа сахттар карданд. Бино ба қонун, шахсе, ки даст ба шиканҷа мезанад, то 15 сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд.

Баъзе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд, сахттар кардани ҷазо то як андоза маъмурони интизомиро, ба истилоҳ, ба худ меорад, аммо мушкилро пурра ҳал намекунад.

XS
SM
MD
LG