Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон оғози моҳи Рамазонро дар кишвар эълон кард. Тибқи эълони ин ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, моҳи Рамазон дар кишвар рӯзи шанбеи 2-юми апрел фаро мерасад.
Дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ки 29-уми март баргузор шуд, раҳбари ин ниҳод Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфтааст, тасмим тибқи далелҳои илмӣ ва бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гирифта шудааст.
Шӯрои уламо нисоби закотро 35000 сомонӣ муқаррар кардааст, ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот дода мешавад. Фитри рӯза ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шуд.
Шӯрои уламо барои шахсоне, ки узри шаръӣ доранд ва наметавонанд, рӯзаи моҳи Рамазонро бигиранд, ба маблағи 420 сомонӣ барои 30 рӯз фидя муайян кардааст.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом ба шумор меравад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин, ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар сарф менамоянд.