Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба дучархаронӣ дар шоҳроҳ, ки рӯзи чаҳорум аст дар Душанбе ҷараён дорад, шикояту нигарониҳоеро ба миён гузошт.
Ба далели анҷоми ин чорабинӣ мақомот бархе роҳҳои мошингузари шаҳрро муваққтан бастанд ва субҳи 28-уми март дар аксари роҳҳои пойтахт тамбашавию саргардонии сокинон ба мушоҳида мерасад. Баъзеҳо мегуфтанд, аз кор дер монданд ва бархе ронандагон аз зиёд тамбашавии мошинҳо шикоят доштанд, ки ба қавли онҳо, чунин ҳолат бар зарарашн аст.
Намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯянд, аз қабл дар бораи баргузории мусобиқа ва муваққатан манъи ҳаракати мошинҳо дар кӯчаҳои алоҳида эълони расмӣ нашр шуд. Чанде аз ҳамсӯҳбатони мо дар кӯчаҳои Душанбе гуфтанд, аз хабарномаи мақомот огоҳ нестанд. Бархе сокинон маҷбур шуданд дар нисфи роҳ аз мусофиркашонҳо фаромада, роҳи худро пиёда идома диҳанд, бархе дигар мунтазир монданд, ки роҳ боз мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Остон Юсупов, сокини шаҳри Душанбе аз онҳоест, ки дар наздикиҳои корхонаи "Комбинати гушт"- пойтахт пиёда мерафт. Ӯ субҳи 28-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз маҳалла маъруф ба "Якум советский" то ин ҷо пиёда омадааст, зеро роҳҳо баста, таксӣ ё дигар воситаи нақлиёт низ ҳаркат намекард. "Аз худи "Якум советский" то ин ҷо ғайрат карда омадем. Хайр ин роҳҳо ҳамааш қариб маҳкам аст, чӣ кор мекунӣ дигар"-афзуд, ӯ.
Барои Боир Умаров, ронандаи воситаи нақлиёт ҳам имрӯз рӯзи мушкил будааст. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо далели баста будани роҳҳо дар се чаҳор ҷо тамбашавии мошинҳо ба миён омадааст. Мегӯяд, намедонад чаро чунин мушкил пеш омадааст: "Намедонам, лекин фақат дар "пробка" гузаштем мо".
Сокинон аз баргузории сабқати байналмилалии дучархаронӣ дар Душанбе истиқбол мекунанд, вале бар инанд, ки чаҳор рӯзи ахир ба мушкили роҳбандӣ ва танбашавӣ дар роҳҳо рӯ ба рӯ шудаанд.
Дилошӯб Розиқзода, масъули Дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, рӯзи 28-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, эълони манъи муваққатии ҳаракат дар кӯчаҳои Душанберо як ҳафта қабл аз нашр карда будаанд. Вай таъкид намуд, ки дар робита ба мушкили ҳаракати нақлиёт, тамбашавӣ ё саргардонии сокинон ҳеҷ шикояте ба онҳо нарасидааст. Ӯ аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ ва барои суҳбати бештар мактуби расмӣ талаб кард.
Мақомоти шаҳри Душанбе низ қаблан бо нашри хабарномае аз сокинон даъват кард, ки аз рӯзи 25 то 30-уми март аз истифодаи нақлиёти шахсӣ худдорӣ карда, барои равуо аз автобусҳо истифода баранд. Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Фейсбук" баъзе сокинон танқид карданд, ки ба хотири дар маркази пойтахт баргузор кардани чорабинӣ сокинонро саргардон карданд. Бархе дигар пешниҳод карданд, ки мебоист ҳамаи бахшҳои чорабинии варзиширо берун аз шаҳр баргузор мекарданд.
Корбаре бо номи Тахмина Хоҷаева навиштааст, ки " чӣ лозим ҳамин худнамоиҳо, ин варзишҳо мебоист дар кишварҳое, гузаронида шавад, ки барои гузаронидани тамрину, мусобиқахо роҳҳои махсус дорад".
Ба навиштаи корбари дигаре бо номи Муҳаммад Муҳаммад, "дар тамоми дунё чунин мусобиқа шуд, маҳдудият ҷорӣ мешавад".
Бори аввал аст, ки сабқати байналмилалии дучархаронӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва сокинону меҳмонони Душанбе барои чанд рӯз пайи ҳам ба мушкил мувоҷҷеҳ мешавад. Дар гузашта низ рӯзҳои баргузории баъзе нишастҳои байналмилалӣ ва таҷлили иду маросимҳо низ қитъаҳое аз роҳҳои пойтахт барои чанд муддат баста мешуд. Мақомот ин роҳбандиҳоро муваққатӣ номида, иддао мекарданд, ки аз қабл огоҳ кардани сокинон мушкил пеш намеорад.
Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба дучархаронӣ дар шоҳроҳ, ки 25-ум март дар Душанбе шурӯъ шуд, беш аз 400 варзишгар аз 27 кишвари қора иштирок дорад. Ин мусобиқот то 30 март идома хоҳад кард.
Ин мусобиқаро Конфедератсияи велосипедронии Осиё таҳти сарпарастии Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокисмияти давлатии Душанбе ва Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон ташкил кардааст.
Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ ин гуна мусобиқаро борҳо дар дигар кишварҳо низ анҷом додааст. Дар соли 2015 чунин сабқатро дар Қрим ташкил кард ва сабаби ҷанҷоли байнулмилалӣ шуд, чун онро ҳамчун эътирофи ба Русия тааллуқ доштани Қрим шарҳ доданд.