Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз нархи роҳкирои таксӣ аз Душанбе ба Кӯлоб аз 30-40 сомонии қаблӣ то ба 60-80 сомонӣ дакка хӯрдааст.
Мусофирон аз вуҷуди ин ҳолат ба шӯр омадаанд. Боло рафтани нархи роҳкиро бештар ба онҳое таъсир кардааст, ки маоши кам мегиранд.
“То нарх арзон нашавад, ба ҳеч куҷо намеравем. Пеш роҳкиро сӣ сомонӣ буд, ҳоло панҷоҳ сомонӣ, 60 сомонӣ ва 75 сомонӣ талаб доранд. Як моҳ кор кардем ва сад сомонӣ маош гирифтем. Дигар намедонем чӣ кор кунем”, - гуфт яке аз мусофирон рӯзи 20-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Садбарг Ҳафизова, сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, як ҳафта пеш бо харҷи 35 сомонӣ ба Душанбе омад ва дар ин муддат дар хонаи наздикон меҳмон буд. Ҳоло мехоҳад ба Кӯлоб баргардад. Дар ҷайбаш панҷоҳ сомонӣ дорад, вале роҳкиро ҳафтод сомонист.
Ӯ гуфт, “дар инҷо баъзе харид кардем, пул тамом шуд. Ҳамагӣ панҷоҳ сомонӣ дорам ва бояд ба Кӯлоб баргардам. Аммо мебинам, ки бо ин пул ба ҷое намерасам. Маҷбур ҳастам, аз наздикон қарз гирам.”
Ба мисли Садбарг мусофирони дигар низ ҳастанд, ки афзоиши нархи роҳкиро нақшаи сафари онҳоро ба таъхир гузоштааст ё ба ҳам задааст. Собир, донишҷӯи тоҷик мегӯяд, мехост, рӯзи панҷшанбе ба ноҳияи Фархор рафта, дар он ҷо ҳамроҳи хонавода Наврӯзро ҷашн гирад, вале роҳкирояш камӣ кард ва маҷбур аст то замони пул ёфтан дар пойтахт бимонад.
Маҳалли километри ҳафтуми Душанбе қароргоҳи кирокашҳои Кӯлоб аст. Ронандаҳо мегӯянд, ба сабаби зиёд шудани харҷи роҳ, нархро боло бурдаанд. Зиёвуддин, ронандаи мошини “Опел-Астра”, гуфт, овозаи роҳбандӣ дар Норак ва ҳузури бештари нозирони БДА дар ин шаҳр боис шудааст, ки аз тариқи Бохтар ба Кӯлоб раванд ва ин роҳ нисбатан дарозу пурхарҷ аст.
Ӯ гуфт, “агар тавассути Бохтар равед, роҳ тақрибан 50 километр дароз мешавад. Харҷро намешавад аз кисаи худамон пардохт кунем.”
Мусофирон мегӯянд, дар ин рӯзҳо харҷи иловагие ба дӯши ронандаҳо бор намешавад ва онҳо аз вазъ сӯиистифода мекунанд. Зимнан, мусофирон бо садои баланд ронандаҳоро ба инсоф мехонданд, чунки ҷуз ин илоҷеро намедонистанд. Ҳар яке аз инҳо мехоҳад тезтар ба ҷашни хонаводагии наврӯз бирасад ва ягона роҳ бо ронандаҳо ба мувофиқа расидан буд.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз мусофирон талош мекарданд, ки аз хидмати автобус ва мусофирбарҳои хурд истифода кунанд, ки нархи нисбатан арзон доранд. Аммо дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз ҳаққи роҳкирои автобусҳо низ аз Душанбе то Кӯлоб аз 35 то 40 ва мусофирбарҳои хурд аз 30-35 то 45 сомонӣ боло рафтааст.
Нархи роҳкиро дар роҳи Душанбе-Хуҷанд низ афзудааст. Як ронанда, ки солҳо боз дар ин масир мусофир мекашонад, гуфт, се рӯз пеш бо 100-120 сомонӣ аз Душанбе то Хуҷанд мусофирон мекашонданд, ҳоло нарх то ба 140 сомонӣ расидааст.
Нархи роҳкиро аз пойтахт ба дигар самтҳои кишвар, ки одатан дар арафаи идҳо боло бурда мешавад, аксаран аз ҷониби ронандагони нақлёти шахсӣ сурат мегирад.
Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтанд, масъалаи боло бурдани нархи роҳкироро аз ҷониби нақлиёте, ки вобастаи ягон корхона ё ҷамъияте бошанд, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, аммо ин ҳолат дар таксиҳои шахсӣ танзимнашаванда аст.