Дар пайи ҳушдори як мақоми амниятии Украина дар бораи нақшаи Русия барои "тақсими Украина", президенти ин кишвар рӯзи якшанбе гуфт, ки сурати дарёфти замонатҳои амниятӣ, омодаи гуфтугӯ "дар бораи бетарафӣ" аст.
Владимир Зеленский дар мусоҳиба бо шуморе аз расонаҳои мустақили Русия афзуд, "ин нуқтаи музокирот барои ман қобили фаҳм аст" ва мавриди баррасӣ мебошад.
Раиси ҷумҳури Украина ҳамчунин гуфт, ки ӯ мехоҳад бо Русия бар сари Донбасс созиш кунад
Владимир Зеленкский дар ин гуфтугӯи видеоӣ афзуд, "ҳамлаи Русия боиси вайронии шаҳрҳои русизабон дар Украина шудааст". Ба гуфтаи ӯ, вайрониҳои ба миёномада чанд маротиба бештар аз ҷанги русҳо дар Чеченистон аст.
"Роскомнадзор" -- ниҳоди назораткунандаи расонаҳо дар Русия, ба расонаҳои ин кишвар ҳушдор додааст, ки аз бознашри ин мусоҳиба худдорӣ кунанд.
Дар изҳороти ин созмон сабабҳои манъи нашри ин мусоҳиба, ки рӯзи якшанбе пахш шуд, ишорае нашудааст.
Раиси истихбороти низомии Украина мегӯяд, Русия қасд дорад ин кишварро монанди Кореяи шимолӣ ва ҷанубӣ ба ду бахш тақсим кунад ва гуфт, ҷанги чирикӣ ё партизанӣ барои пешгирӣ аз ин иқдом ба роҳ хоҳад афтод. Кирилл Буданов гуфт, "дар воқеъ ин талоше аст барои эҷоди Кореяи шимолӣ ва ҷанубӣ дар Украина". Ӯ пешбинӣ кард, ки артиши Украина нерӯҳои Русияро ба ақиб хоҳад ронд.
Аз ҳамлаи Русия ба Украина беш аз як моҳ мегузарад ва дар ин муддат аз ҳар ду ҷониб садҳо нафар кушта шудаанд. Музокироти ду тараф барои қатъи ҷанг бенатиҷа будааст.