Леонид Пасечник, раҳбари ба ном ҷумҳурии Луганск гуфтааст, мумкин ба наздикӣ дар бораи ворид шудан ба ҳайати Русия дар ин минтақа раъйпурсии ҳамагонӣ баргузор шавад.
Кишварҳои ҷаҳон Луганскро расман як вилояти Украина медонанд, ки онро ҷудоиталабони рӯ ба Русия кишвари мустақил эълон кардаанд. Пеш аз ҳуҷум ба Украина Русия истиқлоли ин минтақаро эътироф кард.
Леонид Пасечник гуфтааст, ки ҳаққи мардум аст, ки дар бораи ворид шудан ба ҳайати Русия тасмим бигиранд, вале ӯ фикр мекунад, ки чунин хоҳад шуд.
Рӯзи 21-уми феврал Владимир Путин истиқлоли ба ном "ЛНР" ва "ДНР"-ро ба расмият шинохт. Бо баҳонаи ҳимоят аз ҳақи мардумони ин ду минтақа рӯзи 24-уми феврал Русия ба Украина ҳамла кард.
Ҳоло қисмати бештари ҳудуди вилояти Луганск зери назорати ҷудоиталабон қарор дорад. Дар вилояти Донетск танҳо қисман ҷудоиталабон ҳукумат доранд.
Соли 2014 Русия назарпурсӣ анҷом дод ва Қриму Севастополро ҳудуди Русия эълон кард. Украина ин минтақаҳоро хоки худ медонад ва аксар кишварҳои дунё низ Қримро дар ҳайати Русия эътироф накардаанд.