Муҳаммадҷони Нурӣ боздошти наздиконашро "қасосгирӣ" номидааст

Муҳаммадҷони Нурӣ. Акс аз бойгонӣ

Муҳаммадҷони Нурӣ, писари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, боздошти пайиҳами се узви хонаводаашонро "қасосгирӣ" номида, вале шарҳ надодааст, ки гап сари кадом интиқом меравад.

Дар ду моҳи охир якбародар ва ду бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нуриро дар вилояти Хатлон дастгир карданд. Мақомот ба таври расмӣ боздошту иттиҳоми зидди онҳоро шарҳ намедиҳанд, вале пайвандонашон мегӯянд, ин афрод ба гирифтани кумак аз хориҷа гумонбаранд.

Муҳаммадҷони Нурӣ охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо сомонаи "Зиндониён", вобаста ба намояндагони мухолифини тоҷик дар Аврупо, гуфтааст, фишору таъқиб ба сари оилаашон на танҳо ду моҳи охир, "балки як даҳсола боз ҷараён дошт".

"Аз соли 2015 то ба имрӯз борҳо ба ниҳодҳо даъват шуда ва ҳамеша таҳти назорат буданд. Ва ҳамеша мақомот талош бар ин доштанд, ки онҳоро бо иттиҳомҳои сохтаву бофта боздошт кунанд ва аз ин тариқ болои мо фишор оваранд," – гуфтааст ӯ.

Вай ҳамзамон афзудааст, "ин бар хилофи гумонест, ки баъзеҳо мегӯянд, гуё хонаводаи мо аз сӯи ҳукумат ҳимоят мешавад. Ҳеч тавофуқе миёни мо ва ҳукумат нест. Аз тарафи ҳукумат низ ҳимоят намешавем. Ин гумон бепоя аст."

Муҳаммадҷони Нурӣ чанд сол боз дар Аврупо кору зиндагӣ мекунад. Ӯ дар маҳфили намояндагони мухолифин дар Лаҳистону минтақаҳои дигар зоҳир шуд, вале ҳеч вақт изҳороту баёнияҳои шадидлаҳн надодааст. Чанд моҳ пеш ӯро муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ гузоштанд. Иддае боздоштҳоро ба гашти охири ӯ рабт медиҳанд.

Вай дар суҳбат бо сомонаи "Зиндониён" гуфтааст, "он ки камина дар созмон ҳастам ва фаъолият мекунам ё не, ин фишорҳо буданд ва зоҳиран идома меёбанд. Фаъолиятҳои мо, махсусан камина, то ба имрӯз дар доираи қонун ва орому осуда мебошад ва ман онро идома медиҳам."

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар оғози моҳи марти имсол Нурулло Саидов, бародари 64-солаи Саид Абдуллоҳи Нуриро дастгир карданд. Аз он пеш ду бародарзодаи ӯ, Нусратулло Саидов ва Муҳибулло Нуриддинов боздошт шуда буданд.