Бо оғози моҳи дуюми ҷанги бедалели Русия дар Украина, даргириҳо дар ин кишвар авҷ гирифтаанд. Кишварҳои ғарбӣ таҳримоти иқтисодӣ ба зидди Русияро сахттар карда, ба Украина ёриҳои бештар ваъда доданд.
- Ҷанг дар Украина то кай идома мекунад?
- Омори ба ҳам зидди Маскаву Киев дар бораи пешрафту талафот баёнгари чист?
- Заъфу тавоноиҳои ҷонибҳо аз чӣ иборат аст?
Радиои Озодӣ посухи ин ва суолҳои дигарро аз Лием Коллинз, сарҳанги мустаъфии нерӯҳои махсуси Амрико ва мудири иҷроияи Форуми Сиёсати Медисон пурсид. Коллинз 27 сол дар артиши Амрико хидмат карда, як қатор амалиётро дар Афғонистону Ироқ, Босния, Амрикои Ҷанубӣ ва Шохи Африқо мудирият намудааст. Ӯ яке аз мушовирони ислоҳоти низомӣ дар Украина буд.
Радиои Озодӣ: Дар ин марҳила ба назар мерасад Русия натавонистааст, ба ҳадафҳои аслии худ дар Украина даст ёбад. Маскав бо мушкили ҷиддии таъмини нерӯҳояш рӯбарӯст ва вақтҳои охир пешрафти зиёде надорад. Ба ҷойи ин ба муҳосира кардани шаҳрҳо ва тактикаи бераҳмона гузаштааст. Нерӯҳои Украина ба муқовимат идома медиҳанд ва ба русҳо осеб мерасонанд. Оё ҷанг вориди бунбаст шудааст ё аз нигоҳи Шумо ба тарзи дигар пеш меравад?
Лием Коллинз: Ман фикр мекунам, чизе ба монанди бунбаст пеш омадааст ва, бинобар ин, истилоҳи бунбаст барои он муносиб аст. Шумо шоҳиди пешрафтҳои хурди Русия ва сипас ҳамлаҳои ҷавобии Украина ҳастед. Фикр мекунам, ончӣ дар ду ҳафтаи гузашта дидед, чизе аст, ки дар оянда низ шоҳид хоҳем шуд. Русия дар беруни шаҳрҳо истодааст ва аз мавзеи амну бехатар бо тӯпхона ба шаҳрҳо зарба мезанад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Мақомоти Украина иддао карданд, ки нерӯҳои Русия аз хӯрок ва аслиҳа танқисӣ доранд ва тибқи як гузориш дар се рӯзи оянда метавонанд бе ғизову муҳиммот бимонанд. Ба назари Шумо, оё ин гузоришҳо дурустанд?
Лием Коллинз: Ман фикр мекунам, се рӯз андаке муҳлати кӯтоҳ аст, вале бешубҳа захираву таъминоти русҳо бархилофи интизорияшон камтар мешавад. Аз аввали ҳамла маълум буд, ки онҳо фикр мекарданд, ин як амалиёти тезкорона ва кӯтоҳмуддат аст. Русҳо ба монанди бисёре аз артишҳои кишварҳои ғарбӣ низоми пурқуввати таъминотӣ надоранд. Пас, бешубҳа, ҳоло барои онҳо мушкил хоҳад шуд. Ин вазъ бетаъсир намемонад ва онҳоро аз роҳандозии як ҳамлаи бузургтаре бозмедорад. Бинобар ин, онҳо дар беруни шаҳрҳо нишастаанд ва танҳо аз тӯпхона истифода мекунанд. Агар онҳо кӯшиш доранд, дар маҳалҳое, ки ҳастанд, мавод ба даст биоранд, пас, нишондиҳандаи он аст, ки захираи худашон тамом шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Чунин ба назар мерасад, ки нерӯҳои Русия дар атрофи Киев дармондаанд ва Мариуполу Харков зери бомбаборони сахт ҳастанд. Оё онҳо ба ҷанги бештар дар шаҳрҳо мегузаранд?
Лием Коллинз: Вақте Русия ба шаҳрҳо ворид мешавад, хоҳед дид, ки вазъ тағйир меёбад. Онҳо дар берун дар мавқеъҳои нисбатан амн қарор доранд ва танҳо аз мушакҳо ва тӯпхона истифода мекунанд. Вақте ба шаҳр ворид шаванд, на танҳо бо нерӯҳои мусаллаҳи Украина, балки бо даҳҳо ҳазор ихтиёрӣ, ки дар шаҳрҳо бо унсурҳои русӣ меҷанганд, низ дучор хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, Русия воқеан намехоҳад, ки даруни шаҳрҳои Украина дарояд, вале онҳо маҷбур ҳастанд ва ҳангоми ҳаракат ба шаҳрҳо талафоти сангине хоҳанд дод. Ин муҳорибаи сахт дар шаҳрҳо хоҳад буд.
Радиои Озодӣ: Мақомоти Украина ва Ғарб дар бораи сарбозони кушташудаи Русия маълумоти гуногун доданд. Маскав танҳо як бор талафоти сарбозонашро фош кард. Омори муқаррарии талафоти ҷониби Украинаро надидем. Ин рақамҳои гуногун то чӣ андоза дурустанд ва оё имкони он вуҷуд дорад, ки номуайяниҳо моро дар бораи чӣ гуна пеш рафтани ҷанг ба гумроҳӣ баранд?
Лием Коллинз: Ҳеч ҷонибе, ҳатман, намехоҳад, ки талафоташро ошкор кунад. Одатан дар ҷанг мехоҳанд, талафоти худро кам нишон дода, зиёдтар дар бораи талафоти душман бигӯянд. Тасвири дақиқ дар пайванд ба талафот душвор аст ва тамаркузи аз ҳад зиёд ба рақамҳо муқаррарист. Ҳар як тараф шумораи маҳдуди тонку ҳавопаймо ва ҷанговар дорад. Бинобар ин, омори талафот ва осебҳо муҳим аст.
Радиои Озодӣ: Пас аз ҳамлаи аввали Русия дар соли 2014, Шумо ба Вазорати мудофиаи Украина дар бораи ислоҳоти низомӣ машварат додед. Ислоҳоти артиш дар Украина барои комёбӣ дар майдони набард чӣ андоза муҳим аст?
Лием Коллинз: Бешубҳа, агар гӯем, ки ин ислоҳот муҳим буданд, муболиға намешавад. Соли 2014 артиши Украина воқеан заифу нотавон буд ва қобилияти сусти ҷангӣ дошт. Онҳо ислоҳоти ҷиддиро гузаштанд. Дар ҳоле ки дар ҷанг дар Донбасс буданд. Бо тамаркуз ба табдили артиши Украина ба як артиши касбӣ ва ғарбӣ, ҳама чиз, аз фармондеҳиву назорат, тарҳрезии амалиёт, тиб ва ҳамлу нақл дигар карда шуд. Илова бар ин, системаҳои мушакии зиддитонкии Javelin ва қабл аз оғози муноқиша, мушакҳои Стингер аз Ғарб, ба онҳо мадад карданд. Баъди он, воқеан, дар сохтори дифои Украина дигаргунӣ ба амал омад. Яке аз тағйирот ин аст, ки ба фармондеҳони сатҳи поёнӣ имкони васеъ барои зуд тасмим гирифтану мустақилона ва бидуни иҷозаи роҳбарони болоӣ роҳнамоӣ кардани низомиён дода шудааст. Мо онро дар Амрико фармондеҳии маъмурият меномем. Зеро дар асри 21 суръати ҷанг бошиддат аст.
Радиои Озодӣ: Оё чизе вуҷуд дорад, хоҳ аз рӯйи стратегия ё навъҳои аслиҳа ё тактика, ки битавонад вазъро дар майдони набард тағйир диҳад ва аз бунбасте, ки гуфтед, барорад?
Лием Коллинз: Ҷангҳо ҳамеша назар ба ончӣ ҳарду ҷониб интизор доранд, хеле тӯлонӣ давом мекунанд. Ин як мавзӯи умумӣ аст. Агар ягон тараф оқибаташро медонист, шояд дар навбати аввал ба ҷанг намерафт. Бадеҳӣ аст, ки Украина чораи дигар надошт. Барои таслим кардани як тараф вақту талафоти сангин лозим аст. Аз ин нигоҳ, русҳо баҳои сангине хоҳанд пардохт. Айни замон, дар ин марҳила, барои Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва иқтидоргарое ба монанди ӯ, ҷуз хориҷ шудан бо зарар гузинаи дигаре вуҷуд надорад. Украиниҳо таслим шуданӣ нестанд. Онҳо аз кишвари мустақили худ даст кашида, ба зери чатри Русия нахоҳанд рафт. Бинобар ин, фикр мекунам, ҷанг идома хоҳад ёфт. Фикр намекунам, чизе бошад, ки зуд ба ин ҷанг хотима бахшад. Назари ман ин хоҳад буд, ки он ба як раванди тӯлонӣ табдил хоҳад гашт.
Радиои Озодӣ: Аз нигоҳи низомӣ, то ба ҳол дар ин ҷанг чизе ба вуқуъ пайвастааст, ки Шуморо ба ҳайрат оварда бошад?
Лием Коллинз: Фикр мекунам, нотавонии Русия дар истифода аз амалиёти иттилоотӣ, ҷанги электронӣ ва ҷанги сайберӣ ё рахнагарии интернетӣ барои ман ҳайратовар буд. Дар аввал, шояд Путин онҳоро ба кор набурд, зеро фикр мекард, Украина зуд таслим мешавад ва Русия ба маркази Киев тонкҳо мефиристаду Зеленский суқут хоҳад кард ва Украина нерӯҳои Русияро бо дасти боз истиқбол хоҳад гирифт, вале ин чиз рӯй надод. Дар муборизаи тактикӣ хеле пеш рафтааст, чунонки интизор будам. Русия аз назари ҷанг аз ҳаво қудрати зиёдтар ба даст овард, вале чун Украина аз системаҳои ғарбии зиддиҳавоӣ баҳраманд аст, қудрати комил дар фазои онро ба даст наовардааст. Шояд ин натиҷагирӣ аз он ҷост, ки баъд аз ишғоли Қрим аз тарафи артиши Русия бе як садои тир, бисёриҳо онро аз будаш зиёдтар тавоно гумон мекарданд.