Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский аз мулоқот гуфт, Русия аз истифодаи мушаки қудратманд дар Украина


Сарбози украинӣ дар шаҳри Суми
Сарбози украинӣ дар шаҳри Суми

Бо гузашти бештар аз се ҳафта аз ҷанги Русия дар Украина, раиси ҷумҳури ин кишвар Владимир Зеленский хостори гуфтугуҳои тоза миёни Маскав ва Киев шуд. Айни замон даргириҳо дар Украина авҷ мегиранд ва Русия гуфт, ки неруҳояш вориди шаҳри бандарӣ ва стратегии Мариупол шудаанд.

Зеленский дар як видеое, ки рӯзи 19-уми март дар Фейсбук нашр кард, мегӯяд: “Ҳоло фурсати гуфтугу ва мулоқот расидааст. Фурсати барқарории тамомияти арзӣ ва адолат барои Украина расидааст. Вагарна талафоте, ки Русия мебинад, дар чандин насли оянда барқарор намешавад.”

Пеш аз ин муроҷиати раиси ҷумҳури Украина, Русия гуфт, ки неруҳояш ба маркази Мариупол шаҳри муҳими бандарӣ дар Баҳри Азов ворид шудаанд. Шаҳри мазкур чанд ҳафта дар муҳосираи неруҳои Русия буд. Бомборони сахти шаҳр ва аз ҷумла зарба ба як театр, ки мардуми ғайринизомӣ онҷо паноҳ бурда буданд, сабаб шуд, ки сару садо дар бораи ба ҷинояти ҷангӣ даст задани Русия боло гирад.

Владимир Зеленский рӯзи 18-уми март гуфт, ки аз бинои театри вайроншуда 130 нафарро берун овардаанд, вале садҳо нафари дигар зери вайронаҳо мондаанд. Маъмурони имдодӣ мегӯянд, ки тақрибан 350 ҳазор нафар аз аҳолии шаҳр дар шароити ваҳшатноке зиндагӣ мекунанд.

Эмануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар гуфтугуи яксоатӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар рӯзи 18-уми март гуфтааст, ки аз вазъи Мариупол “фавқуллода нигарон” аст ва хостааст, Русия муҳосираи шаҳрро бас кунанд ва қонунҳои байналмилалиро риоят намояд.

Ба гуфтаи мақомоти Русия, Владимир Путин дар ин суҳбат Украинаро ба ҷиноятҳои ҷангӣ дар манотиқи таҳти назари ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи он кишвар муттаҳам кардааст. Ҳарчанд ин иддаоҳоро Украина рад мекунад. Айни замон Владимир Путин гуфтааст, ки Русия ҳар кори мумкинро мекунад, ки мардуми осоишта талаф наёбад, ҳарчанд далелҳо нишон медиҳанд, ки неруҳои Русия яксара иншооти ғайринизомиро ҳам ҳадаф мегиранд.

Ҳарчанд бар асоси гузоришҳо, пешравии неруҳои Русия дар бисёре аз гӯшаҳои Украина суст шудааст ва сарбозону аслиҳаи зиёдаш талаф меёбанд, вале бомборони шаҳрҳои Украина ҳамчунон идома дорад. Ҷомеаи байналмилал хостори оташбаси фаврӣ шудааст.

Бино ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, неруҳои Русия ҳамла бо тӯпхонаҳоро дар шарқ ва ҷануби Украина зиёдтар кардаанд ва дар наздии Киев, пойтахти кишвар ҷобаҷоии неруҳояшонро тағйир медиҳанд.

Шабҳои 18 ва 19-уми март дар бисёре аз минтақаҳо бонги хатар садо додааст, вале тирандозӣ дар дигар минтақаҳо, ба ғайр аз Мариупол, шаҳри Миколеав дар наздикии вилояти Луганску Донетск камтар шудааст.

Вазорати дифои Украина гуфт, ки аз дастрасӣ ба Баҳри Азов ба сабаби амалиёти низомии Русия дар вилояти Донетск, ки Мариупол онҷост, “муваққатан” маҳрум шудааст. Қарор аст, рӯзи 19-уми март як гузаргоҳи амн барои берун бурдани мардуми осоишта аз вилояти Луганск боз шавад.

Аз тарафи дигар вазорати дифои Русия рӯзи 19-уми март эълон кард, ки бори аввал мушаки моваросавтии “Кинжал”-ро ба кор бурда як анбори аслиҳаро дар шаҳри ғарбии Ивано-Франковск нобуд кардааст. Шаҳри мазкур дар ғарби Украина ва дар 150 километрии Руминия ва 250 километрии Маҷористон ҷойгир аст. Мушаки моваросавтӣ бо суръати баланд ва зудтар аз садо ҳаракат мекунад.

Русия ҳамчунин гуфт, ки бо истифода аз системаи баҳрии мушакӣ марказҳои иктишофии неруҳои Украинаро дар шаҳри Одесса нобуд кардааст. Радиои Озодӣ иддаоҳои артиши Русияро мустақилона тасдиқ карда наметавонад.

Рӯзи 18-уми март Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар гуфтугуи телефонӣ бо ҳамтои чинии худ Ши Ҷинпинг гуфтааст, ки дар сурати ҳаргуна кумаки Чин ба Русия дар ҷанг ба зидди Украина, ин амали Чин “бе паёмад” намемонад.

Чин нисбат ба ҷанги Русия дар Украина бетарафиро ихтиёр кардааст ва ҳоло Амрико метарсад, ки мумкин аст, Чин ба Маскав кумакҳои молӣ ва низомӣ бирасонад. Дар натиҷаи ҷанги Русия ба зидди Украина, ки рӯзи 24-уми феврал оғоз ёфт, бештар аз 3 миллион нафар аз он кишвар гурехтаанд. Хадамоти Марзбонии Лаҳистон гуфт, ки бештар аз 2 миллион нафари онҳо ба Лаҳистон ворид шудаанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ки бар асоси иттилои дарёфтии он дар ин ҷанг ба 43 шифохонаву муассисаҳои тиббӣ ҳамла сурат гирифтааст ва 12 нафар куштаву 34 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Созмони Милал гуфт, то рӯзи 17-уми март дар Украина 816 ғайринизомӣ кушта ва бештар аз 1300 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Додситонии кулли Украина рӯзи 19-уми март эълон кард, ки дар ин ҷанг 112 кӯдак ҷон додааст ва 140 тани дигарашон ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG