Баъди 12 соли баҳсу муколама бо Тоҷикистон, Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал парвандаи марги шубҳабарангези як ҷавони тоҷикро баст, ки ба гуфтаи волидонаш бар асари шиканҷаи муфаттишон дар идораи милиса ҷон дод.
Масъулони кумита рӯзи 21-уми март дар ҷаласае дар Женева гуфтанд, азбаски мақомоти Тоҷикистон тавсияҳои Созмони Милалро дар бораи марги Исмонбой Бобоев нодида гирифтанд ва ҳам хешовандонаш ба иҷрои тавсияҳову пеш бурдани парванда саъйе накарданд, баҳс пӯшида шуд.
Сухан дар бораи марги Исмонбой Бобоев, як сокини Исфара, меравад. Ӯ моҳи феврали соли 2010 бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар ҳамин ноҳия боздошт шуд, аммо баъди чанде ҷасадашро ба падараш супурданд.
Падараш Ҷӯрабой Бобоев ҳоло барҳаёт нест, вале солҳои пеш мегуфт, писарашро муфаттишони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона, Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров, ба нерӯи барқ мондаанд, то гуноҳи нокардаро ба гардан бигирад ва дар натиҷаи истифода аз ин навъи шиканҷа нафасгир шуда, ба ҳалокат расидааст.
Ҳарчанд Додситонии вилояти Суғд ба зидди муфаттишон бо иттиҳоми фаро рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ, қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ парванда боз кард, баъдан бо ин баҳона, ки ҳарду беморанд, тафтишот қатъ шуд. Пас аз муроҷиатҳои батакрор, тафтишот дигарбора аз сар гирифта шуд ва ҳафт сол давом кард.
Ҳомиёни ҳуқуқ ин парвандаро то ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал бурданд ва ин кумита аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки гунаҳкорони марги Исмонбой Бобоевро ҷазои муносиб дода, ба падари ӯ, барои азобҳои равонии кашидааш, ҷуброни молӣ бипардозад. Вале ҳукумат ин тавсияҳоро иҷро накард.
Даниел Файф, мутахассиси Кумитаи ҳуқуқи башар, гуфт, азбаски тавсияҳои кумита дар бораи таҳқиқи одилонаи марги Исмонбой Бобоев иҷро нашуд ва ҳам хешовандони ӯ дигар барои идомаи таҳқиқу иҷрои тавсияҳо муроҷиат накарданд, дигар илоҷе ба ғайр аз бастани парванда намонд.
Ӯ афзуд, моҳи январи имсол ҳомиёни ҳуқуқ аз созмони Дафтари мустақили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба намояндагони кумита гуфтаанд, баъди даргузашти Ҷумъабой Бобоев, хешовандони дигар аз тарси онки мақомот ба онҳо фишор наоранд, дигар намехоҳанд, қазияи Исмонбой идома ёбад.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Яке аз нуктаҳои муҳим дар ин парванда он аст, ки ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, онҳое, ки барои то ҳадди марг шиканҷа кардани ин ҷавон аз Исфара аввал ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, баъдан ба мансаби дигар ва ё ҳатто баландтар гузашта корашонро идома доданд.
Ҳамин тамоюл яке аз сабабҳои асосии танқид аз ҳукумати Тоҷикистон аз минбарҳои байналмилалӣ аст, ки омилони шиканҷа ва ё бадрафторӣ бо муттаҳамон ба ҷиноят ва ё зиндониёнро беҷазо мегузорад ва онҳо ба ҳамин корашон идома медиҳанд.