Ҳомиёни ҳуқуқ нақшаи азияту шиканҷа дар Тоҷикистонро тартиб додаанд ва мегӯянд, ин зуҳурот дар тамоми кишвар мушоҳида мешавад, ки мояи нигаронист.
Эътилофи созмони зидди шиканҷа рӯзи 24-уми май ин нақшаро дар вебсайташ нашр кард ва дар он дида мешавад, ки аз ҳама бадтар вазъ дар шӯъбаҳои умури дохилии шаҳри Исфара, Хуҷанду Ваҳдат ва ноҳияҳои Сомонӣ, Сино ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе будааст.
Нақшаи шиканҷаву бадрафторӣ бо истифода аз муроҷиати 200 нафаре тартиб дода шудааст, ки аз соли 2011 то имрӯз аз рафтору амалкардҳои мақомоти интизомӣ ба ҳомиёни ҳуқуқ шикоят кардаанд.
Нақша инҷост:
Дар куҷо бештар шиканҷа мекунад?
Таҳлили созмон нишон додааст, ки бештар аз 60 дар сади ҷабрдидагон аз бархӯрди ғайриқонунии маъмурони милиса шикоят доранд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, таҳлил нишон дод, ки маъмурони интизомӣ ва амниятӣ боздоштшудагонро ё ҳангоми дастгир кардан ва ё бозпурсӣ азобу шиканҷа медиҳанд, ё бо онҳо бадрафторӣ мекунанд.
Аз ҳисоби 200 муроҷиат, 120 нафар аз рафтори маъмурони милиса шикоят кардаанд, бақия аз рафтори кормандони кумитаи амнияти миллӣ, додситонӣ ва Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир.
Онгуна ки аз нақша ба назар мерасад, миқёси истифода аз шиканҷаву бадрафторӣ дар Тоҷикистон васеъ аст. Ба истиснои Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нақша тамоми шӯъбаҳои умури дохилӣ ба назар мерасанд.
Вазъи бадтар аз ҳама дар Шӯъбаҳои умури дохилии рақами 1 ва 2-уми шаҳри Исфара будааст, чун аз рафтори кормандони онҳо ба ҳомиёни ҳуқуқ 8 шикоят расидааст. Аз шӯъбаҳои умури дохилии шаҳрҳои Хуҷанд, Ваҳдат, ноҳияҳои Сино ва Сомонӣ 7 шикоятӣ расидааст ва аз рафтори кормандони милисаи шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур 6 нафар шикоят кардаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ аз парвандаи Умар Бобоҷонов, як сокини шаҳри Ваҳдат ёдовар шудаанд, ки ба гуфтаи онҳо баъди латукӯби маъмурони милиса дар соли 2015 ҷон дод. Намунаи дигар ба гуфтаи онҳо, ҳалокати Хуршед Бобокалонов, табиби 33-сола аст, ки аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳадде латукӯб шуд, ки дар бемористон ба ҳалокат расид. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар ҳарду ҳодиса гунаҳкорон ҷазо нагирифтанд.
Кӣ бештар шиканҷа мекунад?
Дар ин миён шикояти аз ҳама бештар аз рафтори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона дар вазорати умури дохилӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Ваҳдат ва ноҳияҳои Шоҳмансур ва Сомонӣ будааст. Аз ҳисоби 120 шикоят аз бадрафториву шиканҷаи эҳтимолӣ 18-тои ба кормандони ин раёсат марбут будааст.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон, ин шӯъбаҳо утоқи махсус барои боздошти муттаҳам надоранд ва бар асоси меъёрҳои вазорат ҳам надоштаанд, ки шаҳрвандони боздоштшударо ба идораи раёсат биёранд.
Эътилофи созмонҳои мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон аз марги Исмонбой Бобоев, сокини Исфара ёдовар шудааст, ки соли 2010 аз тарафи кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилона дастгир шуд ва зоҳиран «баъди азобу шиканаҷаи онҳо» ҳалок шуд. Дар ин муддат таҳқиқи марги Исмонбой Бобоевро 6 дафъа ва бо «баҳонаи бемор будани ду муттаҳам» боздоштаанд ва ин таҳқиқ тақрибан 8 сол аст, ки идома дорад.
Муроҷиат аз рафтори кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳам кам набудааст. Дар ин муддат шаҳрвандони кишвар 9 дафъа аз рафтори маъмурони амниятӣ шикоят кардаанд. Яке аз намунаҳо рафтори дурушт ғайриқонунии онҳо нисбат ба духтараки 13-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ бо номи Г. М. будааст. Ҳомиёни қонун тирамоҳи соли 2015 ҳангоми боздошти бародараш ба ин духтари ноболиғ ба ҳадде фишор овардаанд, ки аз тарс аз ҳуш рафтааст.
Вазъи зиндонҳову боздоштгоҳҳо
Аз рафтори посбону кормандони зиндону боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ҳам шикоят кам нест ва дар муддати 7 соли гузашта, ба намояндагони Эътилофи созмонҳои мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон 20 шикоят расидааст. Аз нақшаи таҳиякардаи эътилоф бармеояд, ки озору азият додани муттаҳамон ва ё зиндониён бештар дар зиндони шаҳри Хуҷанд ба назар мерасад. Аз рафтори кормандони онҷо дар зарфи 6 соли гузашта 4 шикоят расидааст.
Яке аз намунаҳо марги Дилшодбек Муродов дар боздоштгоҳи рақами 3/1 - вазорати адлия дар шаҳри Душанбе будааст, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ эҳтимолан бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидааст. Баъди тафтиш мақомоти интизомӣ дар ниҳоят ба хулосае омадаанд, ки “бинобар маълум нашудани шахси муттаҳам ба ҷиноят” парванда қатъ карда шуд.
Бадрафториву шиканҷаҳои такондиҳанда дар нерӯҳои мусаллаҳ
Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бахше аз нақша аст. Эътилофи созмонҳои мубориза бо шиканҷа мегӯяд, ки ба онҳо 23 шикоят дар бораи “меҳтарсолорӣ” ва ё ба таъбири русӣ “дедовшина” расидаст.
Аз ҷумла 4 шикоят аз кори афсарони комиссариатҳои низомӣ, ки ҳангоми даъват ва ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба сафи артиш бо онҳо бадрафторӣ кардаанд. Аксарияти шикоятҳо аз рафтори онҳое будааст, ки масъулияташон ҳифзи марзҳои Тоҷикистон аст. Ба навиштаи созмон, бисёре аз ҳодисаҳои бадрафторӣ бо сарбозони нерӯҳои марзбонӣ бо марг анҷомидааст. Ба гуфтаи онҳо, бераҳмие, ки сарбозону афсарон мекунанд, “такондиҳанда” аст.
Марги Бахтиёр Қурбонмамадов, сарбози 22-сола дар соли 2016, маъюб шудани Шаҳбол Мирзоев дар соли 2014 танҳо ду намунаи оқибатҳои бадрафторӣ аст, ки ҳомиёни ҳуқуқ дар гузориши худ зикр кардаанд.
Нақша метавонад, васеътар бошад..
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, нақшаи таҳиякардаи онҳо миқёси воқеии истифода аз азобу шиканҷа ва бадрафторӣ дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад, чун танҳо бар асоси шикоятҳои расида ба онҳо тартиб дода шудааст. Ба гуфтаи онҳо зӯроварӣ аз тарафи мақомот мумкин аст зиёдтар ва ҷуғрофияи истифодаи он ҳам васеътар бошад.
Шоира Давлатова, яке аз намояндагони эътилоф дар посухи катбие дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт, "Ба ақидаи мо, ҷой доштани истифодаи шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳои бераҳмона метавонанд, зиедтар бошанд. Зеро мумкин аст, одамон ба мақомоти давлатӣ ва ё ба мо ба сабаби надонистани ҳуқуқи худ, ё тарси он, ки аз шикоят шояд зарари бештар мебинанд, кам муроҷиат мекунанд."
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳодисаҳои бадрафторӣ бо муттаҳамону боздоштшудагон дар кишвар вуҷуд дорад, вале онҳое, ки дар корашон усулҳои нораворо ба кор мебаранд, ҷазо мегиранд. Дар кишвар аз соли 2012 барои “шиканҷа” махсус ҷазо таъйин шуд ва чанд афсар ва кормандони ниҳодҳои ҳифзи қонун ва тартибот ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.
Шоира Давлатова мегӯяд, дар айни ҳол омори ягонаи давлатӣ вобаста ба парвандаҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона вуҷуд надорад, вале "дар баъзе ҳуҷҷатҳои расмӣ метавонем иттилооти алоҳидаро вобаста ба ин масъала вохӯрем. Масалан, дар ҳисоботи даврии сеюми Тоҷикистон дар бораи иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа омори зерин оварда шудааст. Аз лаҳзаи ба Кодекси ҷиноятӣ ворид кардани моддаи 143 прим 1 (шиканҷа), ба мақомот ҳамагӣ 80 шикоят ворид шудааст. Соли 2012 - 22 адад, 2013 - 16 адад, 2014 - 1 адад, 2015 - 21 адад ва барои 9 моҳи соли 2016 - 8 адад.