Бино ба хабари дарёфтӣ, рӯзҳои охир ҷасади дастикам 4 зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро дошта, дар ҷанги Украина кушта шуданд, ба ватан овардаанд. Баъзе аз онҳо аз вилояти Хатлон ва бархе аз вилояти Суғд ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистону Русия ба таври расмӣ иттилоъ намедиҳанд. Пайвандон аз додани тафсилот худдорӣ меварзанд.
"Нони Русияро хӯрд, барои Русия мурд"
Ҷасади Саидакбар Саидови 50-соларо, ки дар ҳайати артиши Русия дар Украина меҷангид ва дар онҷо кушта шуд, чанд афсари пойгоҳи 201-ум рӯзи 17-марти имсол ба зодгоҳаш, деҳаи Тӯдабоёни ноҳияи Ҳамадонӣ, бурдаанд. Маълум нест, ӯ кай ва дар кадом гӯшаи Украина кушта шудааст.
Ёрмуҳаммад Саидов, раиси деҳаи Тӯдабоён ва бародари Саидакбар, мегӯяд, ӯ солҳои пеш шаҳрвандии Русияро гирифта, дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи ҳамон кишвар хидмат мекард. Вай бо даъво гуфт, ки хонаводаи онҳо аз соли 1992 «нони Русияро хӯрдаанд» ва худи ӯ ҳам омодааст, «барои Русия биҷангад». Бо ин суханон, ҳатто талоши ҳамла ба хабарнигор кард.
“Дар насибаш ҳамин будааст. Мегӯям, ки аз давлати Русия нону намак хӯрдем. Аз соли 1992 ба ин тараф. Мо нисбати давлати Русия ягон нафрат надорем. Марҳамат, агар ба воситаи ҳукумати Тоҷикистон бихоҳанд, бо ҳам меравем, хидмат мекунем,» -- гуфт Ёрмуҳаммад Саидов.
Раиси ҷамоати Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ тасдиқ кард, ки Саидакбар Саидов кайҳо шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст. Ба қавли Хисрав Абдулхайров, раиси ҷамоати Чубек, “аз замони барҳам хӯрдани Шӯравии собиқ шаҳрванди Русия буд."
Ҳамдеҳагони Саидакбар Саидов нахостанд, дар назди дурбин суҳбат кунанд, вале дар суҳбати худмонӣ аз ӯ ситоиш карданд. Гуфтанд, ки Саидакбар се духтар ва ду писар дорад ва онҳо дар Русия зиндагӣ мекунанд. «Саидакбар рӯзи 7-март дар Украина кушта шудааст,» -- гуфт яке аз онҳо, аммо нахост номашро зикр кунем.
Ҷасади Рамазони 38-соларо ҳам дафн карданд
Афсарони пойгоҳи 201-уми Русия ҳамроҳи ҷасади Саидакбар Саидов, инчунин, ҷасади Рамазон Муртазоеви 38-соларо ба ноҳияи Ҳамадонӣ овардаанд. Ӯ низ дар ҷанги Украина кушта шудааст.
Падари Рамазон хоҳони суҳбат бо Радиои Озодӣ буд, аммо бародараш монеъ шуд.
Ноҳияи Ҳамадонӣ (Московскийи пешин) дар ҷануби Тоҷикистон бо вилояти Тахори Афғонистон ҳамсарҳад аст. То соли 2005 марзро бо Афғонистон дар ин ноҳия сарҳадбонҳои Русия нигоҳ мекарданд.
Аз ҷанги Русия бо Украина 27 рӯз гузашт. Дар ин муддат, тибқи гуфтаи Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ҳудуди 14 ҳазор сарбозу афсари рус кушта шудаанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маскав то кунун марги ҳамагӣ 498 сарбозу афсарашро эътироф кардааст. "Комсомолская правда", рӯзномаи наздик ба Кремл, рӯзи 20-уми март бо такя ба Вазорати дифои Русия шумораи сарбозони кушташудаи ин кишварро дар ҷанги Украина тақрибан даҳ ҳазор нафар навишт, аммо зуд хабарро аз сомонааш «рӯфт». Нашрия дар бораи ин хабар ва пок кардани он чизе нагуфт.
Дар ҳамин ҳол, як нашрияи украинӣ чанд рӯз пеш рӯйхати низомиёни Русияро расонаӣ кард. Дар ин феҳрист номи наздик ба 6 ҳазор нафаре омадааст, ки аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар бораи наздик ба 100 нафари онҳо гуфта шудааст, ки зода ва парвардагони Тоҷикистонанд. Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро доранд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ ҷорист.