Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ба ҳамтои чинии худ Ши Ҷинпинг гуфтааст, ки дар сурати ҳаргуна кумаки Чин ба Русия дар ҷанг ба зидди Украина, Пекин “подош”-и амалашро мегирад.
Кохи Сафед рӯзи 18-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки ду раҳбар дар суҳбати тақрибан дусоата дар бораи Украина, Тайван ва ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугу кардаанд.
Дар баёнияи Кохи Сафед омадааст: “Раиси ҷумҳур мушкилоту паёмадҳоеро тасвир кард, ки Чин дар сурати кумак ба Русия дар ҳамлаҳои бераҳмонааш ба зидди шаҳрҳо ва ғайринизомиёни Украина хоҳад дид.” Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки Ҷо Байден, “ба роҳи ҳалли дипломатии буҳрон” таъкид кардааст.
Як мақоми дигари амрикоӣ дар суҳбати алоҳида бо хабарнигорон гуфтааст, ки Ҷо Байден ба Ши Ҷинпинг гуфтааст, дар сурати кумаки моддӣ ба Русия, Чин на танҳо аз Амрико, балки тамоми дунё посух мегирад. Матбуоти давлатии Чин гузориш дод, ки раиси ҷумҳури ин кишвар ба Ҷо Байден гуфтааст, ки Амрико ва Чин бояд барои сулҳ ҳамкорӣ кунанд.
Чин нисбат ба ҷанги Русия дар Украина бетарафиро ихтиёр кардааст ва ҳоло Амрико метарсад, ки мумкин аст, Чин ба Маскав кумакҳои молӣ ва низомӣ бирасонад. Дар натиҷаи ҷанги Русия ба зидди Украина, ки рӯзи 24-уми феврал оғоз ёфт, бештар аз 3 миллион нафар аз он кишвар гурехтаанд.