Пас аз афзоиши босуръати нархи маҳсулоти ниёзи аввалия сокинони Тоҷикистон мехоҳанд, мақомот чораҳои фаврӣ андешад, зеро зӯрашон дигар ба хариди ҳамаи ин маҳсулот намерасад. Мақомот ва раҳбарони бозорҳои Душанбе хушбинанд, ки бо ташкили ярмаркаҳо метавонанд, ба нархҳо таъсир расонанд, вале сокинон нархҳои ярмаркаҳоро низ гарон меҳисобанд.
Рӯзи 17-уми март Ҳурбибӣ Саидова, сокини шаҳри Душанбе баъди боздид аз чанд фурӯшгоҳ барои дарёфти маҳсулоти арзон ба бозори "Меҳргон"-и пойтахт омад. Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҷо низ мисли дигар бозорҳо нархи орду равған гарон аст: "Ин ҷо 290 сомонӣ гуфта истодаанд, бояд дар ин ярмаркаҳо арзон бошад. Ҳам орд ва ҳам равған қимат шудааст, ордро 320 сомонӣ ҳам гуфтанд, равған, ки 105 сомонӣ буд, 120 шудааст, пеш аз Рамазон бояд ҳамачиро арзон кунанд, инҳо баръакс қимат кардаанд."
Намояндагони бозорҳо мегӯянд, ба сурати умум нархҳо дар намоишгоҳҳо то 30 дарсад арзонтар аст. Холназар Шарифов, корманди бозори "Меҳргон" ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо ярмаркаи доимӣ дорем, ки нархҳо нисбат ба нархҳои соҳибкороне, ки мехаранду мефурӯшанд 20 -30 фоиз фарқ мекунад. Масалан, гӯшт, равған, картошка, пиёз орд, шакар дар дигар ҷойҳо 10-11 сомонӣ бошад ин ҷо 9,5 сомонӣ аст, орди 300-310 дар мо 280 сомонӣ аст. Мо ҳамарӯза ба муштариён эълон мекунем, ки марҳамат ба ярмарка равед”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муҳайё Шаҳобова, сокини Душанбе баъди боздид аз ярмака дар бозори "Меҳргон"- гуфт, чунин маъракаҳо бештар намоишкорӣ аст. "Дар як ҳафта нархҳо 20, қариб 50 фисад боло рафтааст, барои чӣ бардурӯғ як сомонӣ мекунанд, чизеро, ки мо 5 сомонӣ харидем, ҳамаи нархҳояшон бо фиребу найранг аст, дар як ҳафтаи қурби доллар баланд шудан ҳамаро қимат кардаанд"- гуфт, ӯ.
Тоҷирон мегӯянд, дар баробари афзоиши қурби доллар, нархи сӯзишворӣ кори онҳоро душвор кардааст, бинобар ин маҷбуранд, нархи маҳсулотро боло баранд. Нархи як литр бензине, ки ду ҳафта пеш 10 сомониву 30 дирам буд, ҳоло бештар аз 12 сомониву 30 дирам шудааст. Қурби як доллари амрикоӣ, ки 11 сомониву 30 дирам буд, феълан ба 13 сомонӣ расидааст.
Чанде аз сокинон дар бозорҳо пурсиданд, ки тоҷироне ҳастанд, маҳсулотро қабл аз болоравии қурби доллар харидаанд, вале чаро онро бо баҳонаи афзоиши қурби асъори хориҷӣ дар ин чанд рӯзи ахир, гарон мекунанд? Ба ин пурсиши харидорон тоҷирон дар суҳбатҳои алоҳида гуфтанд, "афзоиши якбораи қурби доллар ин навбат харидории маҳсулотро барояшон душвор мекунад, барои ҳамин ғайри боло бурдани қимат чораи дигар надоранд".
РОҲИ ПОИН ОВАРДАНИ ҚИМАТҲО ҲАСТ? БАЛЕ ҲАСТ, ВАЛЕ...
Дар бозорҳои Тоҷикистон на танҳо қимати маҳсулоти воридотӣ, ба мисли орду равғану шакар, балки маҳсулоти ватанӣ низ боло рафтааст. Картошкае, ки тоҷирон гуфтанд, аз вилояти Суғд овардаанду маҳсулоти худист, қаблан як килои он 3 сомониву 80 дирам буд ва ҳоло бештар аз 4 сомонӣ шудааст. Хусрав Назаров, ки ба тиҷорати картошкаву пиёз машғул аст, мегӯяд, "сӯзишворӣ, ки қимат шуд, хароҷоти роҳро ба назар гирифта, мо низ нархро каме гарон карем".
Коршиносон мегӯянд, иқтисоди Тоҷикистон аз бозори беруна пойбандии зиёд дорад ва дар чунин шароит пешгирӣ аз гаронии нархҳо осон нест. Ба назари иқтисоддон, Фозилҷон Фатҳуллоев ҳангоми болоравии қурби асъори хориҷӣ бархе кишварҳо аз усусли табодули мол ба мол истифода мебаранд, ки то ҷое фишорҳоро кам мекунад, вале Тоҷикистон наметавонад аз ин усул истифода барад: "Зеро Тоҷикистон системаи усули биржавӣ надорад, яъне мо наметавонем, тиҷорати худро бо усули мол ба мол пеш барем, фарз кардем, Эрон ба Хитой нафт медиҳад, бар ивази он маҳсулоти дигар мегирад, яъне табодули мол бо моле мешавад, ки ду ҷониб ба хариди он ниёз доранд, мутассифона дар мо истеҳсолот то ҳадде рушд накардааст, ки аз ин шева кор гирем".
Болоравии нархи маҳсулот дар Тоҷикистон баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина ва таҳримҳои сахти кишварҳои ғарбӣ зидди Маскав ба вуҷуд омад. Чунин ҳодисаҳо ба якбора болоравии қурби доллари амрикоӣ ва коҳиши арзиши рубли русӣ низ боис шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки бахши аъзами маҳсулоти ниёзи аввалия аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешавад, ҳар дигаргунӣ дар бозори беруна, таъсири худро ба зиндагии сокинон мерасонад.