Дар Тоҷикистон барои тақрибан як соли оянда ҳамагуна тафтиши соҳибкорон манъ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, 16-уми март фармон дод, ки соҳибкорон то 1-уми январи соли 2023 аз ҳама навъи санҷишҳо озод бошанд.
Ҳадаф аз ин тасмим “дастгирии соҳибкорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо” гуфта шудааст.
Дар фармон ҳамчунин омадааст, то як моҳи наздик ин дастур ба иҷро медарояд.
Эълони мораторий барои тафтиши соҳибкорони тоҷик дар ҳолест, ки коршиносон гуфтаанд, ҳукумати Тоҷикистон дар муқобили буҳроне, ки бар пояи ҷанги Русия дар Украина оғоз ёфта, эҳтимол шиддат мегирад, ҳеч барномаи зиддибуҳронӣ надорад. Чунин барномаҳо дар чанде аз кишварҳои пасошӯравӣ роҳандозӣ шудаанд. Интизор меравад, ин ҷанг сабаби коҳиши рушди иқтисодии Русия ва ҳам кам шудани пули муҳоҷирон гардад.
Ин дар ҳолест, ки соҳибкорон пайваста аз санҷишҳои батакрори ниҳодҳои давлатӣ ва гаронии андоз шикоят мекунанд. Ба иттилои мақомот, дар як соли охир дар кишвар беш аз 20 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро бас кардаанд. Як далелаш, ба гуфтаи таҳлилгарон, тафтишҳои беасосу пайдарпайи мақомот будааст.
Соли 2018 раисҷумҳури Тоҷикистон барои ду сол тафтиши соҳибкоронро манъ карда буд.
Баҳраи баланди қарзҳои бонкӣ, набудани рақобати солим дар бозор, андозҳои баланд аз мушкилоти ҷиддии бизнеси Тоҷикистон гуфта мешавад. Дар гузашта созмонҳои байнулмилалии молӣ аз шароити бади тиҷорат дар кишвар ошкоро танқид карда буданд.
Соли гузашта, дар пайи баҳсу баррасиҳои зиёд, қонуни андозро дар Тоҷикистон нав карданд. Ба иттилои расмӣ, он ба соҳибкорону сармоягузорон сабукиҳои зиёд додааст, вале шикоят аз монеаҳо дар пеш бурдани тиҷорат дар кишвар ҳамоно кам нашудааст.