Зеленский ба суханронӣ омода мешавад. Русия ҳамлаҳоро ба Киев афзоиш додааст

Нерӯҳои Русия ин бинои истиқоматиро дар Киев ба харобазор табдил додаанд. 14-уми марти 2022

Дар ҳоле ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ба суханронӣ дар Конгресси Амрико омода мешавад, нерӯҳои Русия ҳамлаҳои худро ба Киев афзоиш медиҳанд. Русия ҳамчунин ҳамлаҳои худро ба шаҳри бандарии Мариупол бештар кардааст.

Алексей Кулеба, раиси минтақаи Киев, рӯзи 16-уми март гуфт, нерӯҳои Русия ҳамлаҳои худро ба атрофи Киев, ба вижа шимолу ғарби он бештар кардаанд.

Ба гуфтаи Кулеба, русҳо дар талошанд, бо қатъи иртиботи нақлиётӣ ва аз байн бурдани тавоноиҳои логистикӣ, Киевро тасарруф кунанд.

Бомбаборони пойтахт ба маркази шаҳр наздиктар шуда ва нерӯҳои русӣ биноҳои истиқоматӣ, истгоҳи метро ва иншооти дигари ғайринизомиро ҳадаф қарор медиҳанд.

Набардҳо ҳамчунин дар Мариупол ва шаҳрҳои дигар идома дорад. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, нерӯҳои баҳрии Русия шабона ба як шаҳр дар наздикии Мариупол ва шаҳри дигаре дар наздикии Одесса тирандозӣ карданд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, нерӯҳои русӣ рӯзи 15-уми март натавонистанд ба дохилтари хоки Украина бираванд, аммо бо гулӯлаборони сахти шаҳрҳо идома доданд.

Интизор меравад, Зеленский рӯзи 16-уми март зимни суханронӣ барои Конгресси Амрико, аз Иёлоти Муттаҳида аслиҳаи бештар ва низ таҳримҳои зиёдтар алайҳи Русияро дархост кунад.