Бо вуҷуди идомаи бомбаборони сахти Русия дар Украина, ду тараф дигарбора сари мизи музокирот нишастанд. Дар муддати 20 рӯзи ҷанг бештар аз 2 миллиону 800 ҳазор украинӣ аз кишварашон гурехтаанд.
Даргирӣ дар канораҳои пойтахт
Низомиёни Украина рӯзи душанбе, 14-уми март, видеоеро нашр карданд, ки ба гуфтаи онҳо, ҷанг бо нерӯҳои Русия дар канори шаҳри Киевро нишон медиҳанд. Ҷанг ба Киев пойтахти Украина наздиктар мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳамлаи нерӯҳои Русия ба минтақаҳои атрофи КиевCубҳи душанбе бомбаборони нерӯҳои Русия биноҳои истиқомативу мусофирбарҳоро вайрон ва сокинонро моту мабҳут кард. Камаш ду нафар кушта шуданд. Евгений, шоҳиди ҳодиса, гуфт, “як марди тақрибан 70-сола ҳалок шуд. Баъд ёрии таъҷилӣ омад. Хостанд, як зани захмиро наҷот диҳанд, вале ӯ ҳам фавтид.”
Украина ҳамчунин аз ҳамлаҳои ҳавоии бештар ба як фурудгоҳ дар ғарб, шиллик аз тонку тӯпхона дар канораҳои Киев ва шаҳри ҷанубии Миколаев гузориш дод. Ҳамлаҳои ҷавобии нерӯҳои Украина инҷо зиёдтар шудааст.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар таъмиргоҳи мошинҳо дар Украина аслиҳаи ғаниматгирифта аз нерӯҳои русиро таъмир мекунанд, то дар ҷанг ба зидди худашон истифода баранд. Таъмиргар Олександр Федченко гуфт, “мо кафшергарону механикҳоро ҷамъ карда, ба онҳо намунаро нишон додем. Кори мо натиҷа дод.”
Саркӯби иқтисод, ҷинояти ҷангӣ
Раисҷумҳур Владимир Зеленский бо нашри видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, мақсади Русия аз ҷанг нобуд кардани иқтисоди Украина аст. “Саркӯби иқтисоди Украина, яке аз ҳадафҳои ҷанг ба зидди мост. Мо бояд ба ин ҳам муқовимат кунем. Иқтисод ва мардуми худро наҷот диҳем. Барои ҳамин аз ҳукумат хоста шуд, барномаи эҳёи соҳибкории хурду миёнаро таҳия кунад,” – афзуд ӯ.
Бо идомаи ҷанг ду тараф рӯзи душанбе музокироте доштанд, ки як намояндаи Украина онро “душвор” номид.
Сергей Кислитса, сафири Украина дар Созмони Милал, рӯзи душанбе Русияро ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам карда, гуфт, онҳо ба монанди фашистон ҳастанд. “Нерӯҳои Русия ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят ба зидди башарият дар Украинаро идома медиҳанд ва ҳеч фарқе аз фашистони 80 сол пеш надоранд. Шаҳру рустоҳо ба хок яксон шудаанд, гӯрҳои дастҷамъӣ, террори ғайринизомиён дар қаламравҳои ишғолшуда, одамрабоӣ ва қатли мақомоти маҳаллӣ, фаъолон ва журналистон ... идома дорад,” – гуфт ӯ.
Таҷовуз ба хоки Украина, ки Русия онро “амалиёти махсуси низомӣ” меномад, бузургтарин ҷанг пас аз соли 1945 аст ва то кунун 2 миллиону 800 ҳазор нафарро паноҳанда кардааст.
Русия мегӯяд, ки мардуми осоиштаро ҳадаф намегирад ва мақсадаш ғайринизомӣ ва аз “фашистон” пок кардани Украина аст. Украинаву шарикони ғарбиаш онро иддаои беасосу баҳонае барои ҷанг номидаанд.