Филиппо Грандӣ, комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон, ба Тоҷикистон меояд.
Ӯ рӯзҳои 17 ва 18-уми марти имсол вазъи паноҳҷӯён ва ҳалли мушкили онҳоро дар кишвар баррасӣ хоҳад кард.
Мулоқоти Филиппо Грандӣ бо мақомоти расмии Тоҷикистон дар назар аст. Инчунин, ӯ бо паноҷҳӯён дар шаҳри Ваҳдат дидор карда, ба як шаҳраки муваққатии паноҳандагон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҳад рафт.
То охири моҳи декабри соли 2021 ба Тоҷикистон 13 ҳазору 773 паноҳҷӯ омадаанд.