Муҳокимаи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари муҳорибаҳои омехта, рӯзи 14-уми март дар боздоштгоҳе дар Душанбе идома кард. Сарфи назар аз боз будани мурофиа, ба хабарнигори Радиои Озодӣ ин бор ҳам иҷозаи иштирок надоданд.
Иштирокдорони мурофиа гуфтанд, миёни вакилони мудофеъ ва додситон баҳси зиёд шуд. Додситон бар асоси як навори суханронии Чоршанбиев дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон, ӯро ба даъват ба сарнагунии ҳокимият муттаҳам кардааст. Вакилони мудофеъ ба бегуноҳии варзишгар пойфишорӣ доранд.
Вакилон нагуфтанд, ки чӣ пешниҳод карданд
Наҷиба Ширинбекова, як масъули Эътилофи зидди шиканҷа ва ҳамзамон аз пайвандони Чоршанбиев, баъди берун шудан аз мурофиа гуфт, «имрӯз дар додгоҳ асосан шоҳидонро пурсиданд.»
«Вакилони мудофеъ дар ҷаласа чанд дархости муҳим пешниҳод карданд, ки барои дифоъ аз Чоршанбиев аҳамияти стратегӣ дорад. Додрас қарори ниҳоӣ қабул накард. Вале умед дорем, ки дар сурати баррасии одилонаи парванда, додгоҳ қарори дуруст қабул мекунад ва вакилон метавонанд, воқеиятро дифоъ карда, ҳаққи қонунии Чоршанбиевро таъмин кунанд,» -- афзуд Наҷиба Ширинбекова.
Вакилони мудофеи варзишгар ба Радиои Озодӣ суҳбат накарданд ва дақиқ нест, ки пешниҳоди онҳо аз чӣ иборат аст.
Як ширкатдори дигари мурофиа ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз додситон ва вакилон шоҳидони худро ба мурофиа даъват карданд. Шоҳидоне, ки аз тарафи мақомот ба додгоҳ даъват шуданд, алайҳи Чоршанбе Чоршанбиев баёнот додаанд. Шоҳидони дигар аз варзишгар пуштибонӣ кардаанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Наворе, ки дардисарсоз шуд
Баҳси асосӣ дар парвандаи Чоршанбе Чоршанбиев навори суханронии ӯ дар охири моҳи ноябри соли 2021 будааст. Дар ин видео варзишгар бо забони русӣ дар бораи эътирози як гуруҳ аз сокинони ВМКБ, пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, суҳбат кардааст. Шакли пурраи навор дар дасти мо нест, вале дар порчаи таҳриршудаи он Чоршанбиев мегӯяд, “сиёсатмадор ва ё мухолиф”-и ҳукумат нест, танҳо ба ноҳаққӣ чашм пӯшида наметавонад.
“Мо чӣ қадари дигар бояд тоқат кунем, чӣ қадари дигар чашм пӯшем? Оё ин аз рӯи адолат аст? Се рӯз аст, ки ҳодисаҳои зодгоҳамро пайгирӣ мекунам ва бароям хеле ҳайратангез аст... Мо талаб мекунем, ки ҳамаи нафарони дахлдор дар ин кор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Ҳамчунин онҳое ҷазо гиранд, ки муқобили эътирозгарони осоишта силоҳ гирифтанд,” -- мегӯяд Чоршанбиев дар ин видео.
Манобеи огоҳ аз парванда мегӯянд, мақомоти тафтишотӣ ҳамин суханронии ӯро ҳамчун даъват ба сарнагунии ҳокимият арзёбӣ кардаанд. Ҳарчанд дар мурофиаи нахустин, ки 28-уми феврал баргузор шуд, Чоршанбиев гуфт, худро гунаҳкор намеҳисобад.
Як сиёсатшинос дар рӯзи аввали мурофиа ба ин навори суханронии Чоршанбе хулосаи манфӣ дода, гуфт, дар навори баромади Чоршанбе Чоршанбиев даъват ба сарнагунии ҳокимият ҷой дорад. Пештар вакилони дифои Чоршанбиев эътироз карданд, ки навори баромади варзишгарро на сиёсатшиносон, балки мутахассиси забони русӣ санҷад.
Боздошт баъди ихроҷ аз Русия
Дар назар аст, мурофиаи навбатӣ аз рӯи парвандаи Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 18-уми март баргузор шавад. Эҳтимол дар мурофиаи баъдӣ додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Чоршанбиев ҷазо талаб кунад.
Чоршанбиев 31-уми декабри соли гузашта аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот дар оғоз ӯро ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет муттаҳам карданд. Дертар иттиҳоми аввал аз парвандаи ӯ бардошта шуд. Аз рӯи иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳокимият тариқи интернет ба Чоршанбе Чоршанбиев аз 8 то 15 сол зиндон таҳдид мекунад. Ҳарчанд худи ӯ ва наздиконаш ин айбро қабул надоранд ва озодияшро мехоҳанд.