Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҷавони тоҷике, ки аз ҷониби Толибон боздошт шудааст, дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд.
Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии Толибон бо нашри навори видеоӣ хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардааст. Ин ҷавон дар навори Вазорати корҳои дохилии Толибон худро Умед ном бурд ва гуфт, ки исми мустаораш “Аҳмад Фарид” аст.
"Аҳмад Фарид"-ро дар Тоҷикистон шинохтанд
Як манбаъ дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон бидуни зикри ном дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз нашри навор таҳқиқ карданд ва маълум шуд, ин ҷавон Умедҷон Умаров, сокини 23-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аст. Ба қавли ӯ, наздиконаш гуфтаанд, Умедҷон дар Русия буд ва намедонанд, ки чӣ тавр дар Афғонистон пайдо шуд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Талошҳои хабарнигори Радиои Озодӣ барои суҳбат бо наздикони ин ҷавон натиҷа надод, вале мақомот гуфтанд, ба ҷуз навори нашршуда ҳеҷ иттилое дар бораи ӯ надоранд.
“Ҳукумати мо Толибонро ба расмият нашинохтааст ва барои мо ин гурӯҳ худаш террористӣ аст. Ҳеҷ ҳамкорие дар ин самт мо бо онҳо надорем”, - гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ. Ин мақоми тоҷик ишора кард, ки бо сабаби набуди додугирифтҳои кориву идорӣ бо Толибон ҷониби Тоҷикистон дар дарёфти иттилои бештар дар бораи шаҳрванди боздоштшудааш дар Афғонистон дасткӯтоҳ аст.
Дар навори нашркардаи Толибон ин ҷавон гуфт, ки аз Русия ба Туркия рафтааст, аз он ҷо ба Эрон ва аз хоки ин кишвар вориди Афғонистон шудааст. Масире, ки ин ҷавон ном бурд, роҳест, ки қаблан даҳҳо ҷавони тоҷик аз он тариқ ба ДОИШ дар Афғонистон пайваста буданд. Таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар гузашта нишон дод буд, ки онҳо аз минтақаи суннинишини Эрон, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст, ба ин кишвар мераванд. Суҳбати ин ҷавон дар навори нашркардаи Толибон дар кадом шароит сабт шудааст ва то куҷо ӯ воқеиятро мегӯяд, маълум нест.
Умедҷон бо фармони ДОИШ ба Толибон ҳамла мекард?
Оқилҷон Аъзам, як тан аз сухангӯёни Вазорати корҳои дохилии Толибон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки ин ҷавон қасди ҳамла ба аъзои ҳукумати онҳоро дошт. Дар навори ин гурӯҳ нишон медиҳанд, ки гуё аз ин ҷавон силоҳ низ мусодира кардаанд.
“Дар таҳқиқи аввалия ӯ гуфт, ки узви ДОИШ аст. Ҳоло таҳқиқот давом дорад ва натиҷааш эълон мешавад,” - гуфт ӯ.
Дар як моҳи ахир Толибон навори боздошти чандин нафареро нашр кард, ки гуё аъзои ДОИШ ҳастанд.
Амир Ҳасанӣ, як таҳлилгари афғонистонӣ мегӯяд, ин гурӯҳ бо ин таблиғот мехоҳад нишон диҳад, ки нарм шудааст ва зидди тундравон амал мекунад. Пахши навори ҷавони тоҷикро ӯ аз қабили чунин маърака унвон мекунад.
Таблиғ барои ба расмият шинохтан?
Кишварҳои ғарбӣ борҳо Толибонро барои паноҳгоҳ додан ба ҷангҷӯёни созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Ал-Қоида” ва ДОИШ муттаҳам кардаанд. Тоҷикистон низ ин гурӯҳро барои паноҳгоҳ доданаш ба ҷангҷӯёни тоҷиктабори гурӯҳи “Ансоруллоҳ” айбдор мекунад. Ин гурӯҳ аз замони ба қадрат расиданаш дар Афғонистон пайваста ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.
Бо гузашти беш аз ним сол ҳеҷ кишвари дунё Толибонро ба расмият нашинохтааст ва, ба гуфтаи Амир Ҳасанӣ, як шарти эътирофи ин гурӯҳ кафолати мубориза бо тундравон дар хоки Афғонистон аст. “Як шарт ҳамин аст, ки Толибон бояд Афғонистонро пойгоҳи терроризм насозад. Ҳамин аст, ки чанд моҳи ахир ин гурӯҳ аз муборизаи худ бо ДОИШ хабар медиҳанд. Фикр мекунам, ки онҳо дар ин муборизаи худ самимӣ нестанд,” - гуфт ӯ.
Ду рӯз пеш низ Абдураҳим Муслимдӯст, яке аз асосгузорони шохаи хуросонии ДОИШ дар Афғонистон эълон кард, ки ба Толибон пайвастааст. Ӯ дар мусоҳибае бо телевизиони маҳаллии "Тулӯъ" гуфт, шумораи аъзоёни ДОИШ дар Афғонистон "хеле кам аст" ва дигар "ин гурӯҳ ягон хатар надорад". Шохаи хуросонии ДОИШ-ро хатарноктарин дар Афғонистон медонистанд. Намоиши пайвастани яке аз асосгузорони гурӯҳ ба сафи Толибонро коршиносон боз ҳам бахше аз таблиғоти онҳо медонанд ва ин боварҳоро бештар кардааст, ки зоҳиран ДОИШ низ зери назари ин гурӯҳ амал мекард.
Изҳороти ин мақоми муҳими шохаи хуросонии ДОИШ ҳам дар ҳоле буд, ки ин гурӯҳ ҳафтаи гузашта масҷиди шиаёнро дар Покистон тарконд ва мақомоти ин кишвар гуфтанд, ки ҳамла дар хоки Афғонистон тарҳрезӣ шуда буд.
Толибон нимаи моҳи августи соли 2021 Афғонистонро тасарруф карданд ва ҳукумати худро эълон карданд. То ҳанӯз ҳеҷ кишваре ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Толибон ба шимоли Афғонистон 10 ҳазор нерӯ мефиристанд". Ихтилофи дохилӣ ё идомаи баҳс бо ҳамсояҳо?Толибон ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистонро ёфтаанд. Муҳаммадҷон Қурбонов кист?"Толибони тоҷик"-ро ба қитъаи ҳассоси марзи Тоҷикистон овардаанд"Толибон" ҷангҷӯёни тоҷикро дубора мусаллаҳ кардаанд. Уйғурҳо аз марзи Чин куҷо шуданд?"Толибон" ба марзи Ишкошими Тоҷикистон нерӯ мефиристадМанбаъҳо: "Ансоруллоҳ" ба Тоҷикистон чашм "дӯхтааст". Душанбе нигарон аст, "Толибон" рад мекунадТолибон назорати марз бо Тоҷикистонро ба афроди "Ансоруллоҳ" доданд. Маҳдӣ Арсалон кист? ВИДЕО