Ба иттилои хабаргузории расмии "Ховар", шоми 11 март гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳри Варшава ба Душанбе расид. Ба навиштаи ин манбаъ, дар ҳавопаймо ин навбат 117 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд, ки аз Украина дар Полша паноҳ бурда, инак ба кишварашон интиқол дода шуданд. Дар ду парвози чартерие, ки "бо дастури ҳукумати Тоҷикистон" ва бо ҳамкории ҳукумати Полша ташкил шуд, рӯзи 11 март дар маҷмӯъ 303 шаҳрванд ва ватан баргардонида шуданд.
Мақомоти тоҷик гуфтанд, ба Тоҷикистон он шаҳрвандоне баргардонида шуданд, ки хоҳиши бозгашт ба ватанро изҳор карданд. Даҳҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки аз Украинаи дар ҳоли ҷанг фирор карда дар хоки кишвари аврупоии ҳамсояаш паноҳ бурданд, феълан барои бозгашт омода нестанд. Ба ин тартиб аз шаби 10 ба 11-уми март хоки Полшаро ду ҳавопаймои ҳомили беш аз 300 мусофири тоҷикистонӣ тарк кардааст.
Гурӯҳи нахустини 186-нафараи фирориҳои тоҷик субҳи 11 март ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расид. Аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд. Душанбе низ онҳоро бо боронрезии шадид истиқбол гирифт ва аксари баргаштаҳо иқрор мешуданд, ки "хаста ҳастанд".
Додохон Қурбонов, як шаҳрванди Тоҷикистон аз тирамоҳи порсол дар Украина буд. Се писару оилаҳои онҳо муқими Украина мебошанд, дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтааш, давоми панҷ рӯзи аввали ҷангҳо онҳо дар хона монда интизор шуданд, ки вазъ чӣ мешавад. Ниҳоят қарор карданд, ки кишварро тарк кунанд. Вай мегӯяд, ниҳоят хонаводаи серҷамъияташон рӯзи 3-уми март аз зери тирборон тариқи қатор ба Полша расиданд. Ба гуфтааш:
"Ҳамин ҷанг шуд, дигар илоҷ набуд. Чӣ кор кардан даркор? Маҷбур, шиштем ба поезд, бомбаборон карданд. Писарҳоям гуфтанд, ки "додо, биёед равем".
Қурбонов гуфт, ки ҳоло як писараш дар хонаашон дар Киев монданд ва ин мард нигарони сарнавишти онҳо мебошад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раъноҷон Тоҳирова як рӯз пеш аз шурӯи ҷанг аз шаҳри Конибодом барои табобат ба Киев сафар карда буд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муолиҷааш шурӯъ нашуда дар нимароҳ монд. Ин зан мегӯяд, "Мо барои табобат рӯзи 23 феврал рафтем. Самолёт рафту омад – рӯзи дигар ҷанг сар шуд". Тоҳирова мегӯяд, савори қатор то шаҳри ғарбии украинии Лвов расида аз он ҷо ба самти сарҳади Полша рафт. Ӯ гуфт:
"Аз Киев Лвов рафтем, дар он ҷо моро дар хаймаҳо нигоҳ доштанд. Сонӣ Варшава рафтем. Дар Варшава моро чаҳор рӯз дар як хона нигоҳ карданд. Дар як рӯз чаҳор бор хӯрок медоданд. Бисёр шароити хуб буд. Мо миннатдорем".
Як ҷуфти ҷавоне, ки ҳамчунин бо ҳавопаймои Варшава-Душанбе баргашт, мегӯяд, "хаста шудем. Кӣ азоб накашидааст, ҳама дар шаҳри бегона азоб мекашад. Бе азоб кор нест. Худоро шукр, ки омада ба хона расидем".
Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Олмон, мақомоти тоҷик барои бозпас овардани шаҳрвандони кишвар бо ширкати лаҳистонии «Enter Air» мувофиқа карданд. Маълум нест, чанд шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Лаҳистон мондаанд, вале мақомот мегуянд, баргардонидани онҳоро идома медиҳанд.
Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Олмон, мақомоти тоҷик барои интиқоли фирориёни тоҷик бо ширкати ҳавоии лаҳистонии «Enter Air» барои бозпас овардани онҳо ба Тоҷикистон тавофуқ кардааст. Манбаъ афзуд, ки шоми гузашта ин гурӯҳи фирориён аз Варшава, пойтахти Полша ба Душанбе парвоз кардаанд. Ба гуфтаи сафорати Тоҷикистон дар Олмон, ба нафароне, ки бо худ шиноснома надоштанд, дар фурудгоҳ шаҳодатномаи бозгашт ба ватан дода шудааст. Се дипломати тоҷик дар фурудгоҳ барои таҳияи расмиёти зарурии сафар ба шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмак мекунад.
Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Олмон, ки инчунин намояндаи расмии кишвар дар Полша мебошад, шоми 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, мусофирони тоҷик «ройгон» бо як ҳавопаймои ширкати Полша ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар фурудгоҳи Фредерик Шопени Варшава, пойтахти Полша, ки кишвари калидии аврупоӣ барои қабули паноҳҷӯён аз Украина шудааст, гурӯҳи ризокорони тоҷик ҳам ба садҳо ҳамватанони худ кӯмак мекунанд. Аз ҷумла, бо ғизои гарму васоили ниёёзи аввалият таъмин мекунанд. Сатторӣ гуфт, тоҷикистониҳо ”бидуни ташхиси тиббии COVID-19 парвоз карданд» ва «дар фурудгоҳи Душанбе муоина хоҳанд шуд». Дипломати тоҷик гуфт, ки субҳи рӯзи 11 март қарор аст як парвози дигар аз Варшава ба самти Душанбе парвоз кунад.
Ба гуфтаи ӯ, то рӯзи 10 март ҳудуди 1600 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Полша расиданд ва беруншавии онҳо аз ин кишвар идома дорад. Дар маҷмӯъ, ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Украина, то шурӯи ҷанги Русия дар ин кишвар 4 ҳазор тоҷикистонӣ ба сар мебурд. Дар миёни онҳо ҳам донишҷӯён ва ҳам коргарони созмонҳои мухталиф мебошанд.
Рӯзи 24 феврал Русия ба хоки Украина ҳуҷум кард ва шаҳру минтақаҳои ин кишварро мавриди ҳамлаҳои шадид қарор дод. СММ гуфт, аз он замон то кунун дастикам 2,2 миллион нафар Украинаро тарк кардаанд ва фирори мардум идома дорад. Ҳамлаи Русия ба Украина, ки гуфт, "зидди мусаллаҳшавии ин кишвар амалиёти ҷангӣ шурӯъ мекунад", бо маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд ва Ғарбу Аврупо бо таҳримҳои бемисли сангин посух доданд.