Муҳибулло Нуриддинов, бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро дар Бохтар боздошт кардаанд.
Мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд. Пайвандонаш иддао доранд, ки ӯ ба "гирифтани пул аз хориҷа" гумонбар аст. Ду моҳ пеш Нусратулло Саидов, бародарзодаи дигари Саид Абдуллоҳи Нуриро бо айни иттиҳом дастгир карда буданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нуриро дастгир кардаанд. Наздиконаш нигаронанд, мақомот шарҳ намедиҳандАбубакри Нурӣ, бародари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, рӯзи 10-уми март аз Олмон ба Радиои Озодӣ гуфт, Муҳибулло Нуриддинов 44-сола аст ва дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад.
Ӯ афзуд, "вакили мудофеъ надорад. Дар рӯзҳои аввали дастгир шуданаш аз наздикони дигарамон фаҳмидем, ки ӯро ба дарёфти маблағ аз хориҷи Тоҷикистон айбдор кардаанд. Тафтишот далеле пеш наовардааст."
Додгоҳҳои Тоҷикистон солҳои охир чанд нафарро бо гуноҳи дарёфти кумак аз мухолифони тоҷик дар хориҷа ба зиндон маҳкум кардаанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе соли 2020 Асрориддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Он замон наздикони зиндониҳо дар хориҷа фиристодани маблағро ба оилаҳояшон рад накарданд, вале гуфта буданд, он ғайриқонунӣ нест ва набояд барои он ҷазо диҳанд. Чун ба иддаои онҳо, оилаҳояшон дар Тоҷикистон ба сабаби бекорӣ ва мусодираи бахше аз амволашон ба ёрӣ эҳтиёҷ пайдо кардаанд.