Ҳавлии Шарифамо Исоева дар маҳаллаи Бадахшони шаҳри Душанбе чаҳор рӯз мотамхонаро мемонд. Ба ӯ хабар расондаанд, ки писари 29-солааш, Хурсандмурод Маҳмудов, дар ҷараёни ҳамлаи Русия ба Украина кушта шуд, вале дертар рад кардаанд. Хурсандмурод Маҳмудов дар ҳайати артиши Русия дар Украина меҷангад.
Бино ба гузоришҳои расида, дар ҷанги Украина дар байни низомиёни рус тоҷиконе ҳам ҳастанд, ки шаҳрвандии Русияро доранд ва торафт сахттар шудани ҷанг волидони онҳоро дар Тоҷикистон нигарон кардааст.
“Танҳо орзу дорам, ки ӯро ба оғӯш бигирам"
Шарифамо Исоева ва аъзои дигари хонавода хабари марги Хурсандмурод Маҳмудовро рӯзи 4-уми март фаҳмидаанд. Аз Русия ба онҳо гуфтаанд, ки ӯ ва ҳамхидматонаш ҳангоми ҷанг дар Украина кушта шуда, ҷасадашон сӯхт ва бояд то анҷоми ташхис мунтазир монанд. Хабар бегоҳи 7-уми март рад шудааст.
"Се рӯз хабарҳои бардурӯғ бисёр ғамгин кард. Иттилои дақиқ ёфтем, ки фарзандамон сиҳату саломат аст ва дар ҳудуди Украина мебошад," -- гуфт Шарифамо Исоева рӯзи 8-уми март, вале тафсилот надод, ки оё бо писараш телефонӣ тамос дошт ё каси дигаре паёмашро расонд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи наздиконаш, Хурсандмурод Маҳмудов соли 2013 дар артиши Русия хидмат кард ва минбаъд вазифаашро шартномавӣ идома дод. Ӯ пештар дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе кор мекард ва сипас ба шаҳри Самара бурда шудааст.
Хурсандмурод Маҳмудов рӯзи 21-уми феврал дар ҳайати нерӯҳои Русия ба марзи Украина рафтааст. Пас аз чаҳор рӯзи он, Маскав ба хоки ҳамсояаш ҳамла кард ва ҷанг то ҳол идома дорад. Киев ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовуз меноманд ва алайҳи Кремл таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.
Ҳарчанд хабари марги Хурсандмурод Маҳмудов рад шуд, ӯ то ҳоло дар майдони ҷанг аст. Аз ин рӯ, Шарифамо Исоева барои ҳарчи зудтар поён ёфтани даргирӣ дуо мекунад. “Фақат мехоҳам, ки фарзандамро як бори дигар бубинаму дар оғӯшам бигирамаш. Дигар чизе намехоҳам,” -- мегӯяд ӯ.
Чанд тоҷик дар Украина кушта шуданд?
Хурсандмурод Маҳмудов ягона ҷавони тоҷик нест, ки дар ҳайати нерӯҳои Русия дар Украина меҷангад. То ин дам дар бораи марги дастикам ду зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина гузориш расидааст.
Тедоди умумии тоҷиконе, ки аз ҷониби Русия дар Украина меҷанганд, маълум нест. Миёни Тоҷикистону Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад ва ба ин далел даҳҳо ҷавони тоҷик шаҳрвандии Русияро қабул карда, дар артиши он кишвар хидмат мекунанд.
Бар асоси шартномаи дутарафа, шахси соҳиби шиносномаи Тоҷикистон ва Русия дар кадоме аз ин кишварҳо хидмати ҳарбиро анҷом дода бошад, афсари эҳтиётии ҳамон кишвар ба ҳисоб меравад.
Аз ҳамлаи артиши Русия ба Украина қариб ду ҳафта мегузарад. Мақомоти Русия рӯзи 2-юми март эълон карданд, ки ҳудуди 500 низомии ин кишвар дар ҷанги Украина кушта шуданд. Ҷониби Украина талафоти артиши Русияро беш аз 12 ҳазор нафар эълон кард.