Тоҷиконеро, ки аз Украина ба Лаҳистон паноҳ бурдаанд, ба Душанбе бармегардонанд

Муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон

Дар сафорати Тоҷикистон дар Олмон гуфтанд, масъалаи баргардондани он шаҳрвандонеро, ки аз Украина ба кишварҳои аврупоӣ рафтаанд, "ҳал карданд".

Ба иттилои мақомот, "парвози ҳавопаймо ба зудӣ сурат мегирад", вале санаи дақиқеро нагуфтанд.

Аз оғози ҷанг дар Украина то 7-уми март 1348 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар ба Лаҳистону Молдова паноҳ бурдаанд. Қисме аз онҳо шикоят доранд, ки дар шароити вазнин ҳастанд ва бояд ба кишвар баргардонда шаванд.

Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Олмон, рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир 230 талабгори бозгашт ба Тоҷикистонро номнавис карданд. Ӯ афзуд, як гуруҳ аз шаҳрвандон аз Варшава ва шаҳрҳои дигар ба воситаи Туркия ба Тоҷикистон рафтанд.

Гурӯҳе аз паноҳандаҳои тоҷик, ки дар пайи ҷанги Украина ба Лаҳистон рафтаанд, мегӯянд, як ҳафта боз дар паноҳгоҳе дар шаҳри Карчова қарор доранд.

Ба гуфтаи онҳо, ки теъдодашон ба беш аз 200 нафар мерасад, Лаҳистон 15 рӯз муҳлат додааст, то ба Тоҷикистон баргарданд.

Имомуддин Сатторӣ мегӯяд, "шаҳрвандон дар Лаҳистон ба ҷойи 15 рӯз метавонанд, беш аз 30 рӯз ҳаққи иқомат дошта бошанд. Ба онҳое ҳам, ки ба Олмон меоянд, низ чанд муддат ҳаққи иқомат дода хоҳад шуд."

То кунун Узбекистону Қазоқистон садҳо шаҳрванди худро аз Лаҳистон бо ҳавопаймо баргардондаанд.

Паноҳандаҳои тоҷик мегӯянд, барои бозгашт пул надоранд ва, аз ин рӯ, аз мақомот хостаанд, барояшон мадад расонанд. Баъзе аз ин паноҳандагон ба далели бепулӣ ва барои кор ба Олмон рафтаанд.

Ба иттилои расмӣ, чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина кору зиндагӣ ва таҳсил мекарданд.